ПАНҶ. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Дар мулоқоти навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ бо аъзо ва ҷонидорони ҳизб дар маҳаллаи Сабзиҳарфи ҷамоати деҳоти Меҳвар баргузор гардид. Дао он Файзизода Каримҷон иштирок карда зимни суханронӣ оид ба сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз он ҷумла дар бораи натиҷаҳои мулоқоти роҳбари давлат бо кормандони мақомоти молия, андоз, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳо, ки санаи 10 майи соли ҷорӣ доир гардид, андешаронӣ намуд.
Дар идома, ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ оид ба иҷрои саривақтии мақсаду маром ва ҳадафҳои Паёми Сарвари давлат баҳри пешрафту шукуфоии кишвар, лозим аст, ки дар иҷрои корҳои созандагию бунёдкорӣ, тарбияи насли наврас дар роҳи ватандўстӣ, кӯмаку дастгирии ниёзмандон, ҳифзи дастовардҳои даврони Истиқлолият, таъриху фарҳанги миллӣ ва мустаҳкам намудани дӯстию бародарӣ, сулҳу суботи комил сарҷаъмона саъю талош намоем.