ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Нурафшон» оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ вохӯрӣ доир гардид.
Зимнан масъулини ҳизбӣ дар мавриди мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳои кишвар мулоқот карданд, ҳарф зада, зикр намуданд, ки суханронии Пешвои миллат дар иҷрои сифатноки қисмҳои даромад ва хароҷоти буҷети давлатӣ, камбудиҳои соҳаи бонкдорӣ ва коҳиш ёфтани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкдории кишвар, камбудӣ дар интихобу ҷобаҷогузории кадрҳо дар бахши иқтисодии кишвар, мавҷуд будани гузаргоҳҳои ғайриқонунии гумрукӣ ва қочоқи молу маҳсулот дар сарҳад, таъмин набудани назорати бехатарии молу маҳсулоти воридшуда, вуҷуд доштани коррупсия дар миёни кормандони соҳаҳои иқтисодиву гумруки мамлакат ва аз ҷониби
кормандони ин соҳаҳо аз худ шудани маблағҳои калони буҷети давлатӣ, нигаронкунанда мебошанд.