КӮШОНИЁН. Дар ташкилоти ибтидоии “Омор”-и ноҳияи Кӯшониён доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ доир гардид.
Дар вохӯрӣ масъулин оид ба иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар суханронӣ бахшида ба оғози моҳи шарифи Рамазон зикр намуданд, аз ҷумла нигоҳ доштани нарху наво дар бозор ва ба мардум, бахусус қишри кишоварзи ҷомеа фаҳмонидани моҳияти ҷанбаҳои дини моҳи шариф, ки ҳангоми вазнини шуғл надоштани рӯзаро иҷозат медиҳад, баромадҳо намуданд.
Ҳамзамон, ҷиҳати даъвати шахсони алоҳида, ки нияти адои ҳаҷ доранд, ба корҳои дигари хайриявӣ, саҳм гузоштан дар корҳои ободонӣ, зебогардонӣ, бунёди марказҳои саломатӣ, таъмири роҳу пулҳо, хати оби нушокӣ ва ғайра дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” ҳамагонро раҳнамоӣ намуданд.