
ДАНҒАРА. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Оқсу”-и деҳаи Меҳтар оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Дар хониши сиёсӣ Каримов Пирмуҳаммад раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ оид ба дастуру супоришҳои Роҳбарияти Олии ҲХДТ андешаронӣ карда, ҳамагонро ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ ва ҷиҳати тадбиқи амалии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” сокинонро ба корҳои хайру сахо ва созандагиву бунёдкорӣ раҳнамоӣ намуд.