БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АСОСИИ УСТУВОРИИ ОИЛА МЕҲРУ МУҲАББАТ АСТ!

КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Парасту” вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ мулоқот баргузор карда шуд.

Дар ин мулоқот масъулини ҳизбӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Мунаввараи Бозоралӣ дар оғози вохӯрӣ гуфт, ки оила аз беҳтарин, комилтарин ҷузъи ҷомеа буда, дар такомули одоб, ахлоқ ва маърифат замина мегузорад ва дар он зан пояи асосии низоми оила аст. Аз ин лиҳоз дар тарбияи духтар ҳам дар хона ва ҳам дар ҷойи кор ва ҳам дар мактабҳои миёнаву олӣ аз ҷониби мо занону модарон таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир карда мешавад то фарзандони мо барои зиндагии мустақилона омода шаванд.

Инчунин, Юсуфҷонова Ҳангома қайд кард, ки ҲХДТ ҷонибдори бартараф намудани ҳама гуна шаклҳои зӯроварӣ дар оила буда, ҷиҳати ташаккули муҳити солими оилавӣ, риояи ҳуқуқ ва манфиатҳои ҳар як аъзои оила ва ташаккули шахсиятҳои комил дар он доир ба андешидани тадбирҳои судбахш мусоидат мекунад.

Дар охир изҳори боварӣ шуд, ки ҳар як шаҳрванди азизи мо барои пойдории оила хизмати шоистаеро ба сомон хоҳанд расонд ва бо ин роҳ мо метавонем Тоҷикистони маҳбуби худро бо оиладӯстӣ ва муҳаббат доштан ба фарзанду хонаводаву хешу ақрабо ба дигар кишварҳои ҷаҳон муаррифӣ намоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg