
ТЕМУРМАЛИК. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Деҳаи Фалҳобод” вохӯрии навбатӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор гардид.
Дар рафти мулоқот нахуст суҳбат атрофи дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ рафта, даъват бар он карда шуд, ки ҳар як фарди солимфкири ҷомеаро зарур аст, ҷавобан ба ғамхориҳои пайвастаи Роҳбари давлат дар пешрафту шукуфоии Ватан саҳми арзанда гузорад.
Баъдан вобаста ба татбиқи қисмати амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» масофаи 200 метр роҳи деҳа сангфарш карда шуд.