БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МО ҶАВОНОН БАРОИ ҲИФЗИ МАРЗУ БУМИ ВАТАН ОМОДАЕМ!

ПАНҶ. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ дар маҳаллаи Деҳбаланди ҷамоати деҳоти Меҳвар бо фаъолон ва ҷавонони маҳал воҳўрӣ  доир гардид.

Файзизода Каримҷон  оид ба  самтҳои афзалиятноки  фаъолияти  ҳизб – хизмат дар сафи Артиши миллӣ ҳамчун мактаби ҷасорату мардонагӣ андешаронӣ намуда  иброз дошт, ки ватандўстӣ ва хештаншиносӣ  аз ҳифзи марзу буми Ватан  оғоз меёбад ва ин амал рисолати ҷавонмардии ҳар яки мо ба ҳисоб меравад. Ҷойи ифтихор аст, ки баъд аз ҳазорсолаҳо  давлати тоҷикон  соҳиистиқлол гардид  ва ин аз ҷавонони мо онро тақозо менамояд, ки дар ҳимояи Ватан ва ҳифзу таҳкими пояҳои итиқлолияти давлатӣ ҳамаҷониба кўшиш кунанд.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамзамон кайд гардид, ки сарбозон  ва афсарони Артиши миллии ҷумҳурӣ дар шароти хуби замонавӣ  адои хизмат намуда истодаанд.

Ҷавобан раиси ташкилоти ибтидоии «Деҳбаланд» Ибодов Дилшод, ки худ  ҷавон  аст иброз дошт, ки ҷавонони деҳаашон  барои ҳифзи марзу буми Ватан ҳамеша тайёранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg