БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АМАЛҲОИ КОРРУПСИОНӢ БА РАВАНДИ РУШДИ УСТУВОРИ ДАВЛАТ ТАЪСИРИ МАНФӢ МЕРАСОНАД

КӮЛОБ.Дар доираи Соли баландбардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маркази дандонпизишкии №2” оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ мулоқот баргузор гардид.

Муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирӯзи Саидмӯъмин ва роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маркази дандопизишкии №2” Дониёров Ҳусейн дар рафти мулоқот иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни баёни андеша Фирӯзи Саидмӯъмин қайд кард, ки анҷом додани амалҳои коррупсионӣ ба раванди рушди устувори давлат таъсири манфӣ мерасонад ва пеш аз ҳама костагардонии эътимоду боварии мардумро нисбат ба давлату Ҳукумат ва ҲХДТ ба миён меорад.

Мавсуф дар ин росто таъкид дошт, ки барои пешгирӣ кардани амалҳои номатлуб моро лозим аст, ки сифатҳои неки инсонӣ, аз қабили поквиҷдонӣ ва садоқат ба кору меҳнатро дар замири ҳар як аъзои ҳизб ҷой кунем ва риояи интизоми кор ва муносибат бо одамонро таъмин намоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg