ҚУБОДИЁН.Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Беморхонаи № 2” доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор карда шуд.
Дар масъулини ҳизбӣ вобаста ба дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ, дар бораи мақсад аз фаъолияти ташкилотҳои экстремистиву террористӣ, ки тобиши диниро бештар ба худ касб намудааст, тибқи поймони мазҳабӣ ва бо пайванд ба ақоиди дини амал менамоянд, сухан намуданд.
Баъдан дар бораи мафҳуми экстремизму терроризм маълумот дода, дар бораи амалҳои террористие, ки дар давлатҳои шарқи наздик дар солҳои охир ба вуқуъ пайвастаанд ва ҷомеи имрӯзаро зери тарсу ҳарос қарор додан мехоҳанд сухан намуданд.
Инчунин, дар идома дар бораи яке аз бемориҳои сироятие, ки дар замони муосир онро вабои аср низ мегӯянд бемории вируси норасоии масунияти одам ё ВИЧ/СПИД буда, аслан ҳазорон нафар ҷавононро ба коми марг кашида истодааст. Ин беморӣ табобатнашавнда буда, марги ногузирро дар пай дорад.