Ҷ.БАЛХӢ.Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Идораи барқ”-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки раиси Кумита Абдулҳаев Маҳмасаид оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохўрӣ баргузор гардид.
Дар рафти баргузории вохӯрӣ Абдулҳаев Маҳмасаид вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ андешаронӣ намуда, инчунин оид ба сафарбар намудани сокинон ба сарфаву сарриштакорона истифода бурдан аз нерўи барқ бо мақсади ноил шудан ба истиқлолияти пурраи энергетикӣ ибрози ақида намуд.