БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САДОҚАТ БА ХАЛҚУ ВАТАН МАРОМИ МОСТ!

АНДЕША. Рўзи 10-уми май тариқи шабакаҳои телевизионии кишвар  мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо кормандони соҳаҳои молия, андоз, гумрук ва бонкҳои кишвар тамошо карда, хостам якчанд андешаи худро атрофи он баён намоям.

Воқеан масоиле, ки зимни суханронии Пешвои муаззами миллат мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд, баҳри муайян сохтани вазъи фаъолияти ин соҳаҳо, дарёфти камбудиву норасоиҳо ва роҳҳои ҳалли мушкилоти ҷойдошта, ки дар маҷмуъ ба рушди минбаъдаи иқтисодиёти мамлакат ва таъмини шароитҳои хубтару беҳтари зиндагии аҳолӣ мусоидат мекунанд, хеле саривақтӣ ва муҳим мебошанд.

Алалхусус, номувозинати дар идораи молияи кишвар, номукаммалии низоми андоз, номувозинати дар иҷрои сифатноки қисмҳои даромад ва хароҷоти буҷети давлатӣ, камбудиҳои соҳаи бонкдорӣ ва коҳиш ёфтани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкдории кишвар, камбудӣ дар интихобу ҷобаҷогузории кадрҳо дар бахши иқтисодии кишвар, мавҷуд будани гузаргоҳҳои ғайриқонунии гумрукӣ ва қочоқи молу маҳсулот дар сарҳад, таъмин набудани назорати бехатарии молу маҳсулоти воридшуда, вуҷуд доштани коррупсия дар миёни кормандони соҳаҳои иқтисодиву гумруки мамлакат ва аз ҷониби кормандони ин соҳаҳо аз худ шудани маблағҳои калони буҷети давлатӣ аз ҷониби Сарвари давлат сахт интиқод гардида, камбудиву норасоиҳо бо далелу рақамҳои асоснок пурра таҳлил карда шуданд.

Чуноне ки зикр шуд: «Тибқи маълумоти Прокуратураи генералӣ ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар даҳ соли охир аз ҷониби кормандони Вазорати молия, Кумитаи андоз ва Хадамоти гумрук беш аз 700 қонунвайронкунӣ, ҷинояти коррупсионӣ ва ҷинояти иқтисодии хусусияти коррупсионӣ дошта, содир карда шудааст, ки аз нисф зиёди онҳо бо сўистифода ва баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ, сохтакорӣ ва гирифтани пора вобастагӣ доранд. Қисми бештари камбудиҳои ошкоршуда кам ҳисоб кардани маблағ ва рўйпўш намудани андозу пардохтҳои ҳатмӣ мебошад.

Дар ин давра аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар дастгоҳи марказӣ ва зерсохторҳои Вазорати молия, Кумитаи андоз ва Хадамоти гумрук 190 миллион сомонӣ маблағи кам ҳисобшуда ва рўйпўшгардидаи андозу пардохтҳои ҳатмӣ ошкор карда шудааст.»

Пўшида нест, ки пешрафту тараққиёти ҳар давлат аз боигарии буҷети он сахт вобастагӣ дорад ва фаъолияти соҳаҳои мавриди таҳлил қароргирифта бояд барои ғанӣ гардондани буҷети давлат равона карда шавад. Албатта бо дарки ин масъала кормандони тамоми ин сохторро лозим аст, ки дар иҷрои вазифаҳои бардўшдоштаи хеш содиқ ва поквиҷдон  бошанд. Аммо, тавре ки Сарвари мамлакат изҳор доштанд дар миёни кормандони соҳаҳои болозикр далелҳои сўистифода аз мансабҳои хизматӣ,  рўйпўш гардидани андозу пардохтҳои ҳатмии давлатӣ, даст задан ба амалҳои коррупсионӣ, аз худ кардани маблағҳои буҷетӣ, ғайриқонунӣ истифода бурдани маблағҳои қарзӣ ва ҳоказо ҷой доранд.

Маҳз ҳамин гуна рафторҳои ношоистаи баъзе мансабдорони сабукандеш боис мегардад, ки бовариву эътимоди мардум нисбат ба шаффофияту  адолатнокӣ дар ин мақомот ва дар тамоми сохторҳои дигари идораи давлатӣ халалдор гардад. Воқеан ин амалҳо хиёнатеанд ба халқу Ватан. Аз ин рў супоришҳои Роҳбари давлат дар самти бартараф сохтани камбудиҳои соҳаҳо, аз ҷумла, санҷишу таҳлили пурраи фаъолияти кормандони баъзе сохторҳо дурусту саривақтӣ буда, шубҳае нест, ки ин амал муносибати мунсифонаи кормандони масъули соҳаҳои мухталифи мамлакатро нисбат ба вазифаҳои ишғолкардаашон таъмин месозад. Ҳамчунин дастури аз аттестатсия гузаронидани кормандони соҳаи молия ва татбиқи технологияи рақамӣ метавонад аз як тараф дар баланд гардидани сатҳи касбият ва интихобу ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо таъсири мусбӣ расонад аз ҷониби дигар ба вуқуъ пайвастани амалҳои коррупсиониро пешгирӣ менамояд.

«Мо бояд манфиатҳои миллию давлатиро аз манфиатҳои шахсии худ боло гузорем», суханонеанд, ки дар фуроварди суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони соҳаи иқтисодиву гумруки кишвар садо доданд ва дар ҳақиқат бояд ҳар фарди бонангу ори кишварро бетараф нагузоранд. Аз ин рў, биёед ҳар нафари мо-шаҳрвандони Тоҷикистон, ки худро фарзанди содиқ ва бонангу ори Ватан мешуморем, суханони Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кору амали худ қарор дода, барои пешрафту нумуи Ватани азизамон-Тоҷикистон софдилонаву содиқона талош варзем.

 

С. Ватанзода,  раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Леваканд

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg