БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПЕШВОИ МИЛЛАТ БОРИ ДИГАР ИСБОТ КАРД, КИ ВОҚЕЪАН ҲАМ ЯК СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИСТ

АНДЕША. Замоне, ки Пешвои миллат дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад карда буданд, дар аваллин суханони хеш гуфта буданд: «Ман ба Шумо сулҳ меоварам», воқеъан ҳам ин коро кард, миллати пора-пора гаштаро сарҷамъ карда давлат сохт. Соли 1993 гурезагоне, ки аз хоки Ватан берун буданд ба Ватан баргардониданд. Худи аз ҳамон солҳо сар карда,  Пешвои миллат нисбати кӯдакони ятиму бепарастор ғамхорӣ зоҳир карда, барои ин табақаҳои ниёзманд мактаб-интернатҳо ва фондхои хайриявиро таъсис доданд, ки ин бевосита аз таваҷҷуҳи хосаи Пешвои миллат мухтарам Эмомалӣ Раҳмон дарак медиҳад.

Имрӯз бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сохтмон ва ба истифодадиҳии садҳо муассисаҳои таълимӣ бо шароитҳои муосир рафта истодааст. Маҳз ҳамин ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки дар ҳама ҷашну идҳои миллӣ шахсан худашон ба мактаб-интернатҳо рафта аз ҳолу аҳволи ятимону бепарасторон хабар мегиранд ва ба он кӯдакон сару либос ва дигар маводҳои лозимаро дастрас мекунад.

       Пешвои миллат дар тамоми вохӯриҳо ва баромадҳояшон  таъкид менамоянд, ки дасти ятим ва бепарстору дармондагонро гирифтан яке аз фазилатҳои неки инсонӣ мебошад дар ин росто  соҳибкорону саховатмандон низ ин сиёсати инсондӯстона ва ятимпарваронаи Пешвои миллатро дар амал тадбиқ намуда  истодаанд.

       Мо даҳшати ҷанги шаҳрваниро хуб дар хотир дорем, дар хотир дорем, ки чӣ рӯзи сиёҳи таърихро дидем, чӣ мехӯрдем, чӣ мепӯшидем, хуб дар хотир дорем, ки ба ҷойи алла дар гуши фарзанди тоҷик шилики тир садо медод, ҳаргиз он рӯзҳоро мардуми Тоҷикистон фаромӯш намекунанд. Хушбахтона, бо талошҳои пайваста ва сиёсати дурандешонаи Пешвои миллат мо тавонистем, ки сарҷамъ шавему ба ваҳдат биёем ва аз вартаи ҷанги хонумонсӯз ва аз нобудии Тоҷикистони азиз бароем.

         Зери сиёсати хирадмандонаву дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 30-апрели соли 2019 аз зиндонҳои кишвари Ироқ 84-ноболиғи аз оилаҳои гумроҳшудаи тоҷик ба Ватан баргардонида шуд. Бо шунидани ин хабар боз як пайки шодиву сурур ба хонадони мардуми Тоҷикистон рӯшнои овард. Пиру барнои Тоҷикистони азизамон аз дастгириҳои ватандӯстонаву сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо хушбахт ва сарфароз мебошанд.

      Мардуми Тоҷикистон ҳеҷгоҳ ва ҳеҷвақт хизматҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами ХХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро аз ёд намебарорад.

Ғафорзода Давлат, раиси

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ

дар ноҳияи Ҳамадонӣ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg