ВОКУНИШ. Сомонаҳои иҷтимоӣ имрӯзҳо ба майдони суханбозиҳои гурӯҳҳои манфитхоҳу манфиатҷӯ ба хусус гурӯҳе аз нафароне, ки ақидаҳои ифротии Ташкилоти экстремистию террористӣ ҳизби наҳзати ислом ва Паймони миллии сохтаро ҷонибдорӣ менамоянд табдил ёфтааст. Онҳо мехоҳанд ба тафаккури шаҳрвандон неши заҳрдори худро халонанд. Дар фикру андешаашон ғояи дигаре дар бораи пешрафту тараққиёт, созандагиву меҳнатдӯстӣ ва ватандӯстӣ эҳсос намегардад.
Аз ҷумла, аъзои ташкилоти терористӣ-экстримистии ҳизби наҳзати ислом бо роҳбарии Кабирӣ ба суйи Тоҷикистони азиз бо чашми бад менигаранд. Зеро, ки чашми некбини онҳо кайҳо боз кур шудаасту воқеиятро намебинанд. Воқеиятро надида суханбозӣ созмон медиҳанд, аммо бояд иқрор гарданд, ки аз суханбозиҳо манфиате нест, чеҳраи аслии манфиат хоҳашон намудор гаштааст.
Меҳнати софдилона ва иттифоқу бародарии шаҳрвандони Тоҷикистонро надида бо иродаи худ гӯё каму костагии ҷомеаро нишон додан мехоҳанд. Хушбахтона мардуми Тоҷикистон бо иродаи қаввӣ баҳри пешрафту тараққиёти суръатноки тамоми соҳаҳои кишвар нерӯи худро сафарбар намуда истодаанд. Натиҷаи мусбатии рузафзуни он пешравиҳо баръало намоён аст.
Мо ҷавонон бо назардошти таъкидҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зиракии сиёсиро аз даст надода, амалҳои разилона ва хоинонаи афродеро, ки ақидаи ифротии ташкилоти экстремистию террористӣ ҳизби наҳзати ислом ва Паймони миллии сохтаро ҷонибдорӣ менамоянд маҳкум намуда, барои пайравони асили Пешвои муаззами миллат шудан тамоми нерӯи созандаи худро сафарбар менамоем.
Маҳз бо ташабусҳои ватанпарварона ва меҳандӯстонаи Пешвои муаззами миллат дар шароити амну суботи кишвар таҳсили илм ва фаъолият дорем. Пайваста аз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати мамлакат ҷонибдорӣ намуда, баҳри амалишавии ҳадафҳои созанда, барои пешрафту тарақиёти Ватани азизамон то ҷон дар бадан дорем саҳм хоҳем гузошт!
Файзиев Фарзон, корманди КИ ҲХДТ дар ноҳияи Данғара