БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МУҚОВИМАТ БО ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ВАЗИФАИ ҶОНИИ МО СОҲИБВАТАНОН АСТ!

ВОКУНИШ. Ҷаҳони ноорому пуртазоди муосир солҳои ахир ба  масоили глобалие рӯ ба рӯ шудааст, ки ҳалли онҳо мушкилоти зиёдеро пешрӯи давлатҳо қарор додааст. Яке аз ин мусоили ҳалталаб, ки ҷахони муосирро ба ташвиш андохтааст пайдо шудани ташкилотҳои экстримистию террористӣ мебошад.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба ин масъалаи ташвишовари ҷомеаи башар таваҷҷуҳи бештаре намуда,  таъкид намуда буданд: “Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки терроризм ва террористро ба худиву бегона ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест”. Ин суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат моро ба он водор месозад, ки сари ҳар қадам чӣ дар маъракаю суҳбатҳои сарироҳӣ ба таблиғоти дурӯғини мубаллиғони ташкилоту ҳизбҳои террористӣ-экстримистӣ ба монанди Давлати Исломӣ, ташкилоти террористӣ-экстримистии ҳизби наҳзати исломӣ, Ҳизб-ут-таҳрир, Ансоруллоҳ, Ҷиҳоди исломӣ, Ҳизби исломии Туркистон, Толибон ва даҳҳо гурӯҳҳои тундрави навтаъсис роҳ надиҳем.

Ба андешаи ман нақши аҳли зиёи кишвар дар кори фаҳмондадиҳии нақшаҳои манфуру зишти ин ташкилотҳои хатарзо хеле назаррас аст. Аз ин лиҳоз месазад, ки аҳли зиёи кишвар аз бетарафи канор рафта ҷиҳати ҳали ин масоил иқдомҳои ҷиддиро руи кор бигиранд.

Мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки мубаллиғони ташкилотҳои хатарзои ҷомеа башар ба ҷавонони соддаву худноогоҳ такя менамояду онҳоро ба доми хеш мекашанд. Сипару яроқи асосии онҳо тафсири бардурӯғи дини мубини ислом аст. Аз ин рӯ аҳли ҷомеаро лозим аст, ки дар байни ҷавонон бештар корҳои таблиғотиро ба роҳ монанд. Мо бояд ба аҳли ҷомеа бифаҳмонем, ки терроризм ба дини мубини ислом робитае надорад. Дар ҳадисе омадааст, ки агар миёни мусалмонон фитнае ба вуҷуд омад, пас ба даст шамшери чӯбин бигир. Мурод аз шамшери чубин ин сулҳу салоҳ боҳамоию ҳамдигарфаҳмӣ мебошад.

Ҳолати имрӯзаи мамлакатҳои Яман, Ироқу Сурия, Афғонистон ҷомеаи ҷаҳониро беш аз ҳарвақта ба ташфиш оварда истодааст. Инсоният барои пешгирии он такя ба андеша менамояд ва дар ин ҷо овардани суханони фарзанди фарзонаи миллат – Эмомалӣ Раҳмон бо маврид аст. Пирӯзӣ ба терроризм танҳо бо истифода аз неруи низоми ғайриимкон аст. Аз ин лиҳоз омилҳои воқеӣ, моддӣ ва маънавие, ки аз он манша мегирад, бояд муайян ва пурра бартараф карда шавад. Ташвиқот ва гузаронидани суҳбатҳои судманд миёни мардум имконият медиҳад, ки сатҳи донишҳои сиёсию фарҳангии мардуми кишвар боло равад ва дар баробари тарғиботу ташвиқотҳои идеологии миссионерҳои гурӯҳҳои террористӣ экстримистӣ мардум бо андешаи солим роҳи дурустро интихоб намоянд. Имрузҳо на танҳо мардуми мо, балки тамоми сокинони сайёра зери хатари куштору даҳшатафканиҳои терористон қарор доранд.

Бадхоҳони миллати тоҷик ҳаргуна камбудиҳои ночизи дохилиро пушиши дигар дода мехоҳанд, ки роҳбарияти Ҳукумати кишварро – поягузори сулҳу ваҳдат аст, гунаҳгор нишон диҳанд ва бо ин роҳ мардумро аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат дилсард намоянд. Лекин, бо ин бозииҳои авомфиребонаи худ халқи ваҳдатофарини тоҷикро дигар фиреб дода наметавонан, мардуми Тоҷикистон дигар фиреби онҳоро намехӯранд, як маротиба халқи мо заҳри ин амалҳоро дар соли 90-уми асри гузашта чашидаву хулосаи даркорӣ баровардааст. Онҳо фаромӯш карданд, ки Тоҷикистон бо мардуми сарбаландаш дигар он Тоҷикистони даврони аввали Истиқлолият нест, бо ҳар роҳу васила мардумро фиреб диҳанд.

Мубаллиғону миссионерҳои “ба ном” илмшинос, мулло, ҳоҷӣ ва эшонҳои дуруғин, сомонаҳои интернетӣ ва ғайра барои мардум чунин исломеро тағриб мекунанд, ки аз ҳадафҳои аслии дини мубини ислом фарсахҳо дур аст. Яке аз ғояҳои сохтаву бофтаи онҳо “Ҷиҳод” аст, ки онро байни мардум тағриб карда ғаразҳои нопоки худро мехоҳанд, ки тавасути он амали сохта, террор ва қатлу кушторро оммавӣ гардонанд. Онҳо чун манқуртҳо мафҳумҳои миллат, давлат, урфу одатҳои миллиро умуман намепазиранд. Ба ин гурӯҳи душманони миллати тоҷик гуфтаниям, ки халқи тоҷик пуштибон аз сиёсати Пешвои миллат аст ва сиёсати ободгаронаву башардустонаи уро бо тамоми ҳасти тарафдорӣ ва пуштибонӣ менамоянд ва зери сиёсати хирадмандонаи ин шаххсияти бузург муттаҳиданд ва аз пешравиҳои кишвар меболанд.

 Хулоса фаъолияти густурдаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи иттиҳоди тоҷикон шахсияти уро то ба хадди Пешвои воқеию комили миллат оварда расонд. Сару садоҳои душманони давлату миллати мо, ки аз хориҷи кишвар боло мешаванд, дасисангезу маккоронаеро мемонанд, ки аз синнаи нопоки чанд аромхиштаке бармехезад. Мардуми Тоҷикистон Худо дорад, Пешво дорад, ки ин миллатро пушту паноҳ аст, дигар ҳаргиз тири он нохалафон ба нишон намерасад.

Муродов Боймурод,  вакили  Маҷлиси

вакилони халқи ноҳияи Дӯстӣ                        

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg