БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИҶРОИ ДАСТУРУ СУПОРИШҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ – ҚАРЗИ ВИҶДОНИИ ҲАР ЯК СОКИНИ БОНАНГУ ОРИ МАМАЛАКАТ АСТ

АНДЕША. Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо кормандони сохторҳои молия, андоз, гумрук, ҳифзи иҷтимоӣ, бонкдорӣ, сармоягузорӣ ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ бо ҳарфу амали созанда ҷиҳати рушди минбаъдаи давлату кишвар оид ба камбудию норасогиҳои ҷойдошта дар фаъолияти сохторҳои таъминкунандаи буҷаи давлат ва таъмини назорати рафти иҷрои мақсадноки онҳо, ки рушди давлату кишвар ва беҳдошти зиндагии мардумро таъмин менамояд, хеле бомаврид ва айни муддао мебошад.

Ҳақиқатан  он  камбудию норасогиҳое, ки Пешвои миллат бо мисолҳои дақиқу аниқ аз сохторҳои таъминкунандаи буҷаи давлат хусусан андозу гумрук, бонкҳо изҳори нигаронӣ намуда, аз фаъолияти нокифояи ин  сохторҳо муносибати нодуруст ва кирдорҳои коррупсонии онҳо бо истифодаи  факту рақамҳои дақиқ, ҳангоми назорату муайян намудани пардохтҳои гумрукӣ, нодуруст рӯёндани маблағҳои буҷетӣ, нодуруст пешниҳод намудани қарзҳои бонкӣ ва фаъолияти пасти бонкҳоро баён намуданд хеле бо маврид ва сари  вақтӣ буда, барои ба вуҷуд овардани ҳисси боварӣ ба ояндаи нек мебошад.

Дар суханронии худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хотирнишон намуданд, ки рушду пешрафти давлат аз  сатҳи маърифати сиёсӣву ҳуқуқӣ ва дилу нияти поки ҳар  як  хизматчии давлатӣ вобастагии хеле калон дорад. Муносибат бо мардум муомилаи кормандони андозу гумрук, бонкдорӣ, аз афзоиши ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, изҳори нигаронӣ намуданд.  Қайд намуданд, ки мо тамоми диқкати сохтору мақомоти давлатиро  ба  масъалаи пурзӯр намудани мубориза бо коррупсия ҷалб  карда  истода  бошем  ҳам,  ҳанӯз ҳам ҳолатҳои содиршавии амалҳои коррупсионӣ дар  ин  сохторҳо кам нашуда истодаанд.

Баъди таҳлилу баррасии вазъи соҳаҳо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба  хотири мусоидат  кардан ба  рушди босуботи кишвар, ислоҳи камбудиҳои соҳаҳо ва дарёфти роҳҳои  нави фаъолият, ҷорӣ намудани техналогияи муосир, интихобу ҷо ба ҷо гузории кадрҳои баландихтисоси соҳаҳо,  таҳия ва татбиқи қонунҳо ва барномаҳои давлатӣ, дар  назди Ҳукумати кишвар, роҳбарони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ супоришҳои мушаххас гузоштанд.

Дар  охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба  ҳамаи роҳбарону кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук ва бонкҳои кишвар, ҷиҳати  ба  нафъи давлату миллат бо садоқат фаъолият намудан дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Боварии комил дорем, ки роҳбарону кормандони  ин  мақоматҳо хулосаҳои даркорӣ бароварда,  масъалаҳои иҷрои босифати нақшаи даромад ва хароҷоти буҷет, содагардонии андозро амалӣ намуда  ба  қонуншиканиҳо роҳ намедиҳанд.

Муродов Раҳмон, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот  ва матбуоти  КИ  ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg