БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОРРУПСИЯ - ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБИ ҶОМЕА ВА МОНЕАСОЗИ РУШДИ ИҚТИСОДӢ ВА ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ

АНДЕШАМақсади ҳар як ҷомеа, ҳар як давлат ва роҳбарияти сиёсии он ташкилу таъмини ҳаёти хушу хуррам ва осудаву ороми халқу диёраш, сарсабзӣ ва сарбаландии миллаташ дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Вале барои ба ин ҳадафҳои воло расидан ғайриихтиёр монеаҳои зиёде пеш меоянд, ки барои рафъи онҳо кӯшишҳои дастаҷамъонаи зиёде лозим мебошад.

Мавриди зикр аст, ки инсоният имрӯз ба хатарҳои нави глобалӣ, аз қабили терроризм, экстремизм, паҳншавии маводи мухаддир, бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ва дигар хатарҳои нав ба нав рӯ ба рӯ аст. Айни замон ба ин хатарҳо боз Коррупсия зам шудааст. Коррупсия низ дар ҷомеа реша давондааст, ки зарари он нисбат ба хатарҳои зикршуда камтар нест ва ба онҳо алоқамандии зич дорад.
Чуноне, ки аз муқаррароти моддаҳои 1, 5, 10 ва 14-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бар меояд, ҳуқуқҳои асосӣ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат кафолат додааст ва инчунин уҳдадор аст, ки барои амали намудани онҳо шароит муҳайё созад. Ин муқаррарот, инчунин дар қисми 2-и моддаи 1-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини шудааст. ки тибқи он «Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як шахс шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад».

Барои расидан ба ҳадафҳои дар боло зикргардида зарур аст, ки корҳои назаррасеро барои бартараф намудани ин мушкилотҳо ба сомон расад. Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия, маҳз бахотири мубориза алайҳи коррупсия, пешгирии сабаб ва омилҳои ба пайдоиши ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ мусоидаткунанда ва решакан намудани онҳо 31 октябрисоли 2003 қабул шуда, баҳри амалӣ кардани ин мақсад чораҳои мушаххас пешбинӣ намудааст.

Муҳимияти ин ҳуҷҷати Созмони Милали Муттаҳидро ба назар гирифта Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз аввалинхо шуда, 25 сентябри соли 2006 ба он имзо гузошт. Конвенсияи мазкур 16 апрели соли 2008 аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ (ратификатсия) шудааст ва минбаъд қисми таркибии системаи ҳуқуқии мо ба шумор рафта, ҳамаи қонунҳои қабулгардида ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонида шуда истодаанд.

Қонуну фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумат, ки дар давраи соҳибистиқлолии кишвар ба тасвиб расидаанд, гувоҳи гуфтаҳои боло ва диққати ҷиддии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти мубориза бар зидди коррупсия мебошанд. Дар паёмҳои ҳамасолаи Президенти мамлакат, Пешвои миллат ба Порлумони кишвар низ ба ин масъала диққати ҷиддӣ дода мешавад ва онҳо аз ҷониби ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташкилотҳои давлатӣ ва табақаҳои гуногуни аҳолӣ пазируфта шуда, зина ба зина дар амал татбиқ мегарданд.

Чи тавре, ки ба ҳамаи мо маълум аст: Коррупсия яке аз масъалаҳои доғи рӯзи тамоми мамлакатҳои ҷаҳони муосир, аз он ҷумла Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии ҶТ санаи 25.04.2008 Асосгузори сулҳу Ваҳдат, Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ин масъала чунин ибрози ақида намуда буданд: «Коррупсия дар қатори дигар зуҳуроти хавфноки ҷаҳони муосир асосҳои давлатдориро суст карда, садди роҳи инкишофи ҷомеа мегардад. Мубориза бар зидди ин падидаи нангин ва паст кардани он ба самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст.»

Каррупсия воқеан яке аз ҷиноятҳои хафноки сиёсие баҳисоб меравад, ки он барои амали гардидани барномаҳои иҷтимоию иқтисодии давлат монеъа барпо намуда намегузорад маблағҳои давлати барои барномаҳои пешбинишуда амали гарданд. Он метавонад нобоварии шаҳрвандонро нисбат ба давлату ҳукумат ва сиёсати пешгирифтаи он барпо намуда, минбаъд барои ҷинояткорӣ ва ба сари мақомотҳои қудрати омадани шахсони тасодуфи заминаи асосиро гузорад.

Мутафаккири бузурги Фаронса Ш.Л. Монтеске гуфта буд, ки «Дар натиҷаи амалҳои коррупсионӣ тартиботи хуби ҷамъиятӣ аз байн рафта, дастгоҳи давлатӣ фалаҷ ва ба як чизи бекора мубаддал мешавад». Коррупсия феълан падидаи иҷтимоиест, ки дар тафаккури ҷамъиятӣ низ фаҳмиш ва тафсири якхела надорад. Имрӯзҳо муносибати шаҳрвандон бо коррупсия гуногун буда, онро бо ришва, сӯиистифода аз мансаб, пораситонӣ, судхӯрӣ, хушомад задан ва ғайра мешуморанд. Бо вуҷуди ин ҳама новобаста аз зиёд будани фаҳмиш ва нуқтаи назари гуногун ба нисбати коррупсия, аксарияти одамон дар ақидаанд, ки ин амал ҳамчун зуҳуроти манфӣ пояҳои ҷомеаро вайрон намуда, таҳаввулоти ҷомеаро зери хатар мегузорад, вазъияти рифоҳӣ ва ахлоқии одамонро хароб ва ба пайвасти институтҳои давлатӣ бо доираҳои ҷиноятӣ ва коҳиш ёфтани боварии мардум нисбати мақомоти давлатӣ оварда мерасонад.

Вобаста ба ин Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 декабри соли 2018 чунин баён намуда буданд: «Ба роҳ мондани муборизаи қатъӣ бо амалҳои коррупсионӣ шарти муҳимми фароҳам овардани фазои ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа ва таҳкими эътимоди мардум нисбат ба сохтору мақомоти давлатӣ мебошад”.

 

Боронов Раҳмиддин- узви Гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халrи ноҳияи Ҷайҳун

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg