АНДЕША. Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойдории сулҳу суботи Тоҷикистони соҳибистиқлол беназир буда, дар баробари ин барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун як дарси ибрат ба шумор меравад.
Дар ҳақиқат ҳам дар ҳолате, ки аз оташи ҷанги шаҳрвандӣ тамоми кишвар месӯхт, ҳама аз тарси ҷон чӣ кор карданашонро намедонистанд, мардум сарсону парешон, дар чунин лаҳзаҳои душвори зиндагӣ масъулияти роҳбарии кишварро ба уҳда гирифтан ин худ дар ҳақиқат ҳам қаҳрамонист.
Баҳри хомӯш намудани оташи ҷанги шаҳрвандии кишвар ҷони худро дар хатар гузошта, шабу рӯз заҳмат кашид.
Халқи кишвар аз лаҳзаҳои авали масъулияти роҳбарии кишварро ба зима гирифтани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар дилашон як шуълаи умед пайдо шуд. Пешвои миллат дар назди вакилон масъалаи ҳарчи зудтар хомӯш намудани оташи ҷанги шаҳрвандӣ ва ҷо ба ҷо намудани мардуми сарсону саргадонро монд.
Пешвои миллат дар назди вакилон баромад намуда, қайд карданд, ки то даме, ки охирон фирориёни мо ба Ватан бар нагарданд, ман худро осудаю ором ҳис нахоҳам кард.
Ба Ватан баргардонидани мардуми фирорӣ аз Ҷумҳурии исломии Афғонистон ва дигар давлатҳо ин худ сиёсати ватанпарварона ва инсондӯстонаи Пешвои миллат буд. Ин амалҳои ватанпарварона ва инсондӯстонаи Пешвои миллат пай дар пай дар даврони Истиқлолияти давлатӣ такрор гашта, боиси он гашт, ки дар ҷомеаи ҷаҳонӣ чор маротиба пешниҳоди башардӯстонаашро пазируфтанд.
Дар таърихи давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол ин корнамоиҳои
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хатҳои зарин сабт шудаанд.
Амали навбатии инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомлӣ Раҳмон ин 84 нафар шаҳрвандони ноболиғи тоҷик тариқи хатсайри Бағдод-Душанбе аз Ироқ ба Душанбе баргардонида шуданд. Баргаштани ин кӯдакони ноболиғ ба Тоҷикистон ин барои амну суботи ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол аҳамияти калон дорад.
Мо аҳли ҷомеа вазифадорем, ки дар таълиму тарбияи ин ҷавонон саҳмгузор бошем.
Ин амали Пешвои миллат як дарси ҳаёт буда, мо вазифадорем, ки онро дар кору фаъолияти худ ҳамчун сабақ барои таълиму тарбияи насли ҷавон истифода намуда, тавассути он роҳи шомилшавии ҷавононро ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб гирифта шавад.
Шаропов Ҳомид, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз