БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАНЗИМ ДАР ЗИНДАГИ БАРАКАТ ДОРАД!

ҶАЙҲУН. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ҳилолӣ»-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун чорабинии таблиғотии ҳизбӣ доир гардид.

Дар он корманди ҳизби ноҳия Муҳамадҷон Зайдуллоев қайд намуд, ки мо дар оғози солҳои соҳибистиқлолӣ аз имтиҳони сангини таърих гузашта, таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ваҳдати комили миллӣ расидем. Дар ин замина яке аз иқдоми муҳимми роҳбарияти кишвар, ки ба рушди давлат ва мустаҳкам намудани заминаҳои сиёсию иҷтимоии он мусоидат намуд, ин аввалин маротиби дар миқёси собиқ давлатҳои Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шeравии Сотсиалистӣ қабул намудани қонунҳои миллӣ, махсусан Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад. Агар ба ҳикмат ва мантиқи таърихи қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» каме тафаккур кунем ҳаёти муназзами имрӯзаи худро бе он тасаввур карда наметавонем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg