
ХУРОСОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Челониҳо»-и ҷамоати деҳоти Ғаллаободи ноҳия доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯри масъулин оиди ихтиёрӣ сафарбар кардани ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, дар масъалаи ба Ватан баргардонидани 84 ноболиғони тоҷик аз зиндонҳои давлати Ироқ ва дигар мавзӯъҳои мубрами рӯз суханронӣ карда шуд.
Сипас, дар доираи Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» тариқи ҳашар ҷӯю зарбурҳо тоза карда шуданд.