БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АКСИЯ ҲИЗБИИ «ЯКҶОЯ ҲАЛ МЕКУНЕМ!» БА ШУКУФОИИ ВАТАН МУСОИДАТ МЕКУНАД

ҲАМАДОНӢ. Дар ташкилоти ибтидои  “Чубек”-и ҷамоати деҳоти Чубек хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор гардид.

Зимни баромад корманди масъули ҳизбӣ Гадоӣ Сайдалиев оид ба  сиёсати хирадмандонаи Пешвои муҳтарам Эмомали Раҳмон бо ҷамъомадагон суҳбат намуда, қайд кард, ки ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани  ҷашни 30- солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми гӯшаву канори мамлакати азизамон корҳои ободониву созандагӣ рафта истодаанд. Дар ин радиф сокинони заҳматкаши ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ худро дар канор нагирифта, дар тозаю озода намудани маҳали зист, тахту ҳамвор ва санфарш  кардани роҳҳо ва сохтани дигар иншоотҳои хизматрасонӣ  саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд.

Дар доираи иҷрои амалии Аксияи ҳизбии “Яҷоя ҳал мекунем!” сокинони деҳа ба тахту ҳамвор ва сангфарш намудани роҳи деҳа машғул гардиданд.       

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg