
ФАРХОР. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Масъулини Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Баҳор”-и ҷамоати деҳоти Ватан хониши сиёсӣ доир намуданд.
Дар маҷлис масъулин атрофи дастуру супоришҳои Роҳбарияти Олии ҲХДТ сухан ронда, ҳамагонро ба ободониву созандагӣ, анҷоми корҳои хайру сахо дар моҳи шарифи Рамазон ҳидоят карданд.
Вобаста ба татбиқи қисмати амалии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!”чароғонкунӣ ва сангфарш намудани роҳҳои ҳудуди деҳа ба анҷом расонида шуд.