БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ НАТИҶАИ ХУБ МЕДИҲАД

КУШОНИЁН. Дар доираи  Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар робита ба иҷрои дастури мақомоти болоии ҳизб оиди амалигардонии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар табрикоти худ бахшида ба фарорасии моҳи шарифи Рамазон барои дар бозору мағозаҳо паст кардани нарху наво ва дар дастрасии аҳолӣ нигоҳ доштани нархҳо дастурҳо дода буданд, бо ин мақсад масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён дар мағозаву нуқтаҳои савдои ноҳия  бо соҳибкорон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.

         Ёдовар мешаем, ки Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки дар моҳи Рамазон нарху навои маҳсулотро беасос баланд набардоред, ҳамватанони худро ба азият гирифтор накунед. Дар аксари кишварҳои исломӣ ва мусулмоннишин тоҷирон нархро, баръакс, дар ин моҳ арзон мекунанд, то ки бо ҳамин роҳ низ соҳиби савоб шаванд».

Масъулини ҳизбӣ бо ин иқдоми неки худ бори дигар ҳамин нуқтаҳои суханони Пешвои миллатро ба соҳибкорон фаҳмонида доданд. Ҳамчунин, аз онҳо хоҳиш намуданд, ки дар моҳи шарифи Рамазон ба исрофкорӣ ва ба таври сунъӣ боло бурдани нарх роҳ надиҳанд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg