БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВОХӮРӢ ҶИҲАТИ ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ НУҚТАҲОИ АСОСИИ СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Хоҷагии ҷангал” ҷиҳати шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои асосии суханронии Пешвои миллат дар моҳи шарифи Рамазон вохӯрӣ баргузор карда шуд.

Дар рафти вохӯрӣ мудири шуъбаи кор бо ҷавонони раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Файзуллоев Алишер ва роҳбари ташкилоти ибтидоии номбурда  Давлатов Мираҳмад иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зикр шуд, ки суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи моҳи шарифи Рамазон бениҳоят муҳимму ибратбахш буд. Пешвои миллат оид ба анҷом додани корҳои хайру сахо дар арафаи моҳи шарифи Рамазон дастуру супоришҳо дода, ҳамзамон вобаста хатарҳои терроризму экстремизм ҳушдор намуданд ва ҳамчун Сарвари хирадманд моро бар он таъкид сохтанд, ки нисбат ба ҳар вақти дигар зираку ҳушёр бошем, дар ғафлат намонем, манфиату зарари худро дар гуфтору амали хеш дуруст дарк кунем, ба қадри бузургтарин неъмату дастовардҳои зиндагиамон – истиқлолияту озодӣ, соҳибватаниву соҳибдавлатӣ, сулҳу оромӣ ва Ваҳдати миллӣ расем.

Дар навбати худ иштирокдорон низ баромад намуда, гуфтанд, ки сиёсати сулҳпарваронаи Сарвари давлатро ҳамаҷониба дастгирӣ карда, ҳар ҳидояту Паёмҳои Пешвои миллатро ҳамчун дастурамали корӣ дар фаъолияти ҳамарӯзаи худ истифода хоҳанд бурд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg