ЁВОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Обшорон»- и ҷамоати деҳоти ба номи Гулсара Юсуфова оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрии судманд баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ масъулини ҳизбӣ зимни баромади хеш оиди даъвати навбатии ҷавонон ба ҳизмати ҳарбӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро, амалӣ намудани Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ҳамкории падару модар бо мактаб ва оиди сиёсати хирадмандона ва сулҳҷӯёнаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, суханронӣ намуданд.