
ДӮСТӢ. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Гулрез»-и ҷамоати деҳоти Ҷиликӯл вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур масулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ доир ба дастуру супоришҳои макомоти болоии ҲХДТ фикру андешаҳои хешро баён карда, аз ҳар як сокини деҳа баҳри боз ҳам ободу зебо гардидани Тоҷикистони азиз онҳоро ба корҳои созандагӣ раҳнамоӣ карданд.
Баъди анҷоми хониши сиёсӣ ҷиҳати тадбиқи Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» сокинон дастаҷамъона ба корҳои ободонӣ машғул шуданд.