БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МУҲОКИМАИ МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМИ РӮЗ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ

БОХТАР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.  Дар ташкилоти ибтидоии “Хоҷагии  оби вилоят” хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ гузаронида  шуд. Намояндагони Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб доир ба дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизб  андешаронӣ карда афзуданд, ки ҲХДТ дар баробари дигар ҳизбҳои сиёсии кишвар фаъолияти худро ба роҳ монда, аз рўйи 14 самтҳои афзалиятноки ҳизбӣ,  ки ҳар яки онҳо барои манфиати давлату миллат равона гардидааст, фаъолият менамояд.  

Инчунин, дар идома миёни иштирокдорон дар мавзӯҳои гуногун,  аз ҷумла бо дастуру супоришҳои Пешвои миллат ба Ватан баргардонидани  84 нафар кӯдакони ноболиғи тоҷик аз мавзеъҳои ҷангзадаи Ироқу Сурия, ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ҳалли масъалаҳои байналмилалии об, мубодилаи афкор намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg