БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АЗ ҒАМХОРИҳОИ ИНСОНПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ СИПОСГУЗОРАНД

ХУРОСОН.Дар доираи Соли баландбардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо мақсади тарғибу ташвиқи сиёсати хирадмандони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,  дастовардҳои даврони Истиқлолият, фаҳмонидани моҳияти қонунҳои миллӣ ва тадбиқи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем”, ки ҳадафи асосиаш ободу зебо гардонидани диёр то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ мебошад, бо ин ҳадаф дар ташкилоти ибтидоии «Себистон»-и ҷамоати деҳоти Ғаллаобод хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Саидзода Раҳмон дар назди ҳозирин баромад намуда, дар бораи дастовардҳои даврони Истиқлолият зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрои бандҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва оиди сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуд.       

Сипас, дар доираи Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» бо дастгирии сокинон тариқи ҳашар роҳи деҳа сангфарш карда шуд.          

     

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg