
ФАРХОР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Мулоқоти навбатии масъулини ҳизби ноҳия дар ташкилоти ибтидоии “ Ғайрат” оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор гардид.
Масъулин атрофи ҳадафҳои Оинномвию Барномавии ҲХДТ, ки аз сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, суханронӣ намуданд.
Дар охир маҷлис масъулин аз иштирокчиёни ҷамъомад ба хештаншиносӣ, ифтихор доштан аз Ватани ободу озод, саҳм гузоштан дар ободкорию созандагӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват ба амал оварданд.