БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ – СУБОТИ СИЁСӢ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛИРО АСОСИ ПЕШРАВИИ ҶОМЕА МЕШУМОРАД

КӮЛОБ. Дар доираи Соли баландбардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Парастор” доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор карда шуд.

Дар вохӯрӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирӯзи Саидмӯъмин ва роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Парастор” Роҳилаи Нураҳмадзода иштирок ва баромад намуданд.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро асосии пешравии ҷомеа шуморида, барои таҳкими ваҳдат ва ризоияти миллӣ, ташаккули фарҳанги ваҳдатгороии шаҳрвандон, густариши ғояҳои миллии “Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол – Ватани маҳбуби ҳамаи мо” саъю талош менамояд.  Дар ҳамин радиф дигар иштирокдорон баромад намуда, гуфтанд, ки пеш аз ҳама мо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ бо дарки масъулияти баланд тамоми нерӯ ва имконоти худро ба ҳифзи фазои солими сиёсӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва устувории пояҳои Истиқлолияту Ваҳдати миллӣ равона месозем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg