
ДАНҒАРА. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Оқсу” дар деҳаи Боботупхона хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баргузор гардид.
Дар хониши сиёсӣ Каримов Пирмуҳаммад раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб дар бораи сиёсати ватанпарастонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳадафҳои созандаи ҲХДТ андешаронӣ намуданд.
Мавсуф дар охир аз ҷамъомадагон ҷиҳати дар сатҳи баланди сиёсиву фарҳангӣ сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ даъват ба амал овард.