
ВОКУНИШ. Дин яке аз ҳассостарин ҷанбаи ҳаёти маънавии ҷомеаро ташкил медиҳад, тахрибкорони андешаи солим маҳз аз ин роҳ мехоҳанд ба осонӣ миёни мардум ихтилоф ангезанд. Нақшаи сўистифодаи дин аз тарафи экстремистону террористон маълум аст, як гурўҳ ҷангҷўёнро бо пардохти маблағҳои калон гирд меоранд ва беибо тамоми амалҳои ваҳшиёнаву ғайриинсониро пушти ақидаҳои динӣ ҷиноятҳои содиркардаашонро пинҳон дошта, онро дар роҳи Худову Расул мегўянд.
Надоштани донишу фаҳмишҳои кофии илмӣ ва ҷаҳонбинии фарогир, бетарафии аҳли ҷомеа, дода шудан ба таблиғоти ифротиён ё хурофотпарастии динӣ боис мешавад, ки ҷавонон ба доми гурўҳҳои ифротии манфиатҷў дода шуда, сафҳои онро зиёд менамоянд. Бино ба таҳлили дақиқ ва оморӣ, соли 1995 нисфи террористони байналмилалиро мутаассибони динӣ ташкил медоданд. Таҷрибаи мубориза бо терроризм нишон додааст, ки хатарноктарин навъи терроризм–терроризми динӣ ба шумор меравад. Дар ҳамаи давру замонҳо боздорандаи рушду пешрафти ҷомеа ва омили нооромиҳову гирифториҳо таассуби динӣ ва хурофотпарастӣ мебошад. Имрўз таблиғи хурофот аз кишварҳои мусалмони гирифтори таассуб тариқи намоишҳои телевизион, шабакаҳои интенетӣ, чоп намудани адабиёти исломгароӣ ба мафкураи ҷавонони мо андешаҳои иртиҷоиро ҷой мекунад. Ба хотири пешгирӣ аз рушди илму технология аз дин сўйистифода намуда, бо сохтани ҷомеаи таассуби мардумро барои иҷрои андешаҳои муғризоани ва ифротгароёнаи худ равона месозанд.
Ин бадбахтҳои наҳзатӣ дар Аврупо саргардон ҷиноятҳои худро мехоҳад бо чунин шева пўшонанд ва аз кишварҳои аврўпоӣ паноҳандагӣ талаб карда, дар он ҷо кайфу сафо карда гарданд.
Мутаассифона, аксари онҳое, ки бо асли аркони ислом, таърих, фарҳанг, аҳком, фалсафа ва ахлоқи ислом ошно нестанд, чунин меҳисобанд, ки ба ислом хислати ситезаву тундравӣ, таҷовузгароӣ, бадқасдӣ, ғайри таҳаммулпазирӣ хос аст. Ин андешаи мутлақо ғалат аст. Зеро Қуръони карим, ҳадис, тамоми аҳкому аркони ислом ва фалсафаю ахлоқи он бар пояи адолат, баробарӣ, бародарӣ, озодӣ, амният бунёдёфта, зарурати сулҳ, ризоият, таҳаммул, оромӣ, амният, адолатро бо тамоми зуҳуроти он дар ҷабҳаҳои гуногуни зиндагӣ таъкид ва фармудааст: «Ислом дини сулҳу салоҳ ва бародарист, на барқасдиву бетаҳаммулӣ».
Барои маҳви терроризм бояд сабабҳои пайдоиш ва заминаҳои густариши он мавриди омўзиш қарор гиранд. Бидуни омўзиши дақиқ ва илмии сарчашмаҳои пайдоиш ва паҳншавии терроризм имкони нест кардани он вуҷуд надорад.
Борҳо дар суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарурати мубориза бар зидди терроризму экстремизм таъкид шудааст, ки дастури амали ҳар фарди солим фикри ҷомеа бояд бошанд. Аз ҷумла, дар Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии кишвар гуфта шуд: «Аз падару модарон, кормандони соҳаи маориф ва умуман, аҳли ҷомеа ба таври ҷиддӣ хоҳиш мекунам, ки дар самти беҳтар намудани вазъи таълиму тарбияи ҷавонону наврасон дар рўҳия иинсондўстиву ватанпарастӣ ва риояи бечунучарои қонунияту тартибот чораҳои амалӣ андешанд».
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи 70-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид аз афзоиши низоъҳои мусаллаҳонаву амалиёти террористӣ ва дигар масоили глобалӣ изҳори нигаронӣ карда, ҷомеаи ҷаҳониро ба вокуниши дастаҷамъона ва фарогир даъват намуданд. Сардори давлат, ҳамчунин аз миқёс ва хусусияти ҷаҳонӣ доштани таҳдидҳое, ки онҳоро терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил ба миён меоранд, изҳори нигаронӣ карда, мубориза бо терроризми фаромиллӣ ва ифротгароиро вазифаи дараҷаи аввалин номиданд.
Сулҳи мо нодиртарин ва қиматтарин неъмат буда, моро мебояд ин ваҳдати миллӣ ва сулҳро чун гавҳараки чашм ҳифз кунем ва ҳама аз як гиребон сар бароварда, барои ҳимояи манфиатҳои миллӣ камар бандем, дар муқовимат ба афкори экстремистӣ, террористӣ муташаккилона мубориза барем. То ин ки дигарбора ҷавонони мо тарки Ватан аз барои хизмат ба кадом як хоҷаи худобехабар накунанду кўдакони мо дар кишварҳои ҷангзада зиндонӣ нагарданд.
Шарипов Баҳромҷон, узви Гурўҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Панҷ.