БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАРДУМИ ТОҶИК БА ФИТНАҲОИ АНҶУМАНУ ПАЙМОНҲОИ ХОИНОН ДОДА НАМЕШАВАД!

ВОКУНИШ. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон қайд намуданд, ки “Мо аз умқи таърих набояд ҳамчун хокистар, балки ҳамчун шуъла берун бардорем”.

Аз ин гуфтаҳои Сарвари давлати тоҷикон метавон хулоса кард, ки пешравии ҳар як давлату миллат дар тинҷиву оромии он ва муттаҳидии миллату халқиятҳои он мебошад. Ифтихор аз Ватан, ифтихор аз таъриху фарҳанг, ифтихор аз ҳуввияти миллӣ доштан вазифаи ҳар як фарди тоҷику тоҷикистонӣ бояд бошад.

Таърих сабақомӯз аст ва ягон халқу миллат бе арҷ гузоштан ба гузаштаи хеш ба қадри истиқлолият ва оини давлатдориаш расида наметавонад». Вақте, ки ваҳшигиҳои гурӯҳҳои ифротию террористро аз телевизон мебинем, садҳо бор шукр мекунем, ки хайрият дар Тоҷикистон пеши роҳи чунин гурӯҳҳо саривақт гирифта шуд, хайрият давлати мо саривақт фаъолияти ТТЭ ҲНИ-ро манъ кард! Ҳар шаҳрванди боҳӯши Тоҷикистон беихтиёр бояд гӯяд, ки хайрият мардуми мо аз ин даҳшат дур аст, хайрият дар кишвари мо сулҳу озодӣ ҳукмфармост.

Агар мо чеҳраи ТТЭ ҲНИ-ро аз рӯи фаъолияти амалии ин ташкилот баҳо диҳем, мебинем, ки тамоми фаъолияти он мардумро шӯронидану ба низоъ овардан аст.

Дар ҷанги дохилии Тоҷикистон, ки ТТЭ ҲНИ онро ташкил карда буд, аз тарафи ин ташкилот кушташудани 150 ҳазор нафар аҳолии кишвар худаш бас аст, ки сатҳи ҷинояти ТТЭ ҲНИ дар назди халқи тоҷик баҳо дода шавад. Агар миқдори аҳолии Тоҷикистонро дар соли 1993 дар назар гирем, ин шумора беш аз 3% тамоми аҳолии Тоҷикистонро ташкил медод! Ана гап дар бораи чӣ миқёси бузурги ҷиноят меравад!

Дар ҳар мамлакати дигари дунё барои ин хел ҷиноятҳои бемислу монанд ягон гурӯҳи террористиро намебахшанд. Масалан, дар ҳамон Европа ҳаштод сол шуда бошад ҳам, то имрӯз ҷиноятҳои фашизми гитлериро набахшидаанд ва намебахшанд. Ҷиноятҳои яқиншуда ва зикршудаи наҳзатиҳо аз он чи камӣ дорад!?

Аммо бузургии Пешвои миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он буд, ки ба хотири сулҳу ваҳдат, ба хотири тинҷию оромии Тоҷикистон ин гурӯҳро ба авфи умум дохил карданд. Ҷинояткорони наҳзатӣ аз ин истифода карда, солҳо дар фазои сулҳу оромӣ дар Тоҷикистон фаъолият намуданд. Гарчӣ ҷиноятҳои онҳо барои халқи тоҷик ва барои идораҳои қудратии Тоҷикистон пурра маълум буд, ба хотири сулҳу салоҳ ва сухани ҷавонмардонаи Пешвои миллат касе он парвандаҳоро намебардошт ва касе ба онҳо кор надошт. Дар ин давра наҳзатиҳо соҳиби қасрҳои бошукӯҳ, магазину бозору тиҷоратҳои калон, се-чортоӣ зан ва мошинҳои қимматбаҳо шуда гаштанд. Лекин афсус, фитрати нопоку носипос боз ҳам ба кор даромаду наҳзатиҳо ба ҷойи донистани қадри сулҳу ваҳдат барои хостаҳои хоҷагони худро иҷро карданд, ба ҷои додани ҷавоби сазовор ба гузашту бахшиши ҷавонмардонаи Роҳбари давлат, боз бар зидди давлат нақшаи табаддулоти давлатӣ кашиданд.

Ниҳоят, моҳи сентябри соли 2015 ин ташкилоти экстремистию террористӣ бо дастури бевоситаи хоҷагони худ нақшаи табаддулоти давлатиро амалӣ карданӣ шуда, ба сулҳу ваҳдату амнияти Тоҷикистон ҳуҷум карданд. Бо супориши хоҷагони хориҷии худ барои нотинҷ намудани ватани азизи мо тарҳрезӣ, сармоягузорӣ ва амалӣ кардани кӯшиши табаддулоти давлатии мусаллаҳона нияти асосии онҳо буд. Хушбахтона, ин кӯшиши онҳо саривақт саркӯб шуду Тоҷикистони мо аз ин хатари аҷнабӣ наҷот ёфт.

Дар ин шабу рӯз ТТЭ ҲНИ даҳо фитнаҳои дигареро роҳандозӣ карда, бо ҷалби чанд хоин анҷуману пайм

онҳоро таъсис дода истодааст. Аммо тавре мебинем, ин анҷуману паймонҳои муғризона баъди чанде ноком шудаву шарманда мегарданд.

Локин дар ин росто ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ зиракиву ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, он хатогиҳоеро дар солҳои навадум кардем, такрор насозем ва ҳамеша барои тинҷиву амонии ватани азизи худ садоқатмандона кор ва фаъолият намоем.

 

Неъматов Рустам, узви Гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg