БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТЕРРОРИЗМ ИН ПАДИДАИ НОМАТЛУБИ ИҶТИМОӢ БУДА, ДАҲШАТАФКАНИ ВА ТАРСУ ВОҲИМАРО ДАР ҶОМЕА БА ВУҶУД МЕОРАД!

АНДЕША. Дар адабиёти муосири илмиву соҳавӣ дар масъалаи тафсиру таҳлили мафҳуми “терроризм” ақидаҳои гуногун вуҷуд дорад ва ҳар муҳаққиқ ин падидаро вобаста аз нуқтаи назар ва дидгоҳи худ таҳлил ва тафсир намудааст. Маънои луғавии вожаи лотинии “террор” тарс, даҳшат мебошад. Аз ин ҷо маълум мешвад, ки маънои “терроризм” даҳшатафканӣ ва ба вуҷуд овардани тарсу воҳима дар ҷомеа мебошад. Дар ҳақиқат пеш аз ҳама амалҳои террористӣ хусусияти зуроварӣ, маҷбурсозӣ, таҳдидкунӣ ва даҳшатафканиро доранд. Ҳар як террорист тарсонидан, фароҳам овардани муҳити тарсу ҳарос ва даҳшатафканиро ҳамчун усули асосии расидан ба ҳадафҳои нопоку муғризонаи хеш қарор медиҳад. Бо назардошти хавфи ҷамъиятӣ ва даҳшатнокии амалҳои террористӣ, зидди иҷтимоию зидди инсонӣ будани он, терроризмро ҳамчун феномени ҷамъиятӣ, ки истифодабарии зиддиҳуқуқии қувва ва таҳдидро ба хотири тарсонидани рақибон ва расидан ба ҳадафҳои хеш асос медонад, тасниф кардан мумкин аст.

Тамаддуни башарӣ дар марҳилаи муосири рушди худ ба раванду ҳодисаҳои зиёди иртиҷоӣ рӯ ба рӯ гаштааст. Гарчанде ки ҳодисаҳо ва равандҳои иртиҷоӣ моҳияту хусусиятҳои асосии оламро тағйир дода натавонанд ҳам, вале онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоию, фарҳангӣ ва умуман, дар раванди таърихи инкишофи халқу миллатҳо, давлатҳо ва минтақаҳои гуногуни ҷаҳон таъсири назаррас мерасонанд. Дар ин радиф ҷараёнҳои экстремизми сиёсӣ ва тероризми сиёсӣ аз ҳамаи ҳаракатҳо ва ҷараёнҳои дигаре, ки хусусияти ҷаҳонӣ доранд, хатарноктар мебошанд. Онҳо доираи васеи кишварҳо ва минтақаҳои оламро фаро гирифта, ба ҳодисаи мудҳиши умумибашарӣ табдил ёфтаанд. Аз ин хотир зарурати дарки амиқ ва фаҳми васею ҳамаҷонибаи ин гуна ҳаракатҳо ва ҷараёнҳои хатарнок ва коркарди роҳу усулҳои самарабахши мубориза ба муқобили онҳо пеш меояд.

Бояд қайд намуд, ки терроризм ва экстремизм дар таърихи инсоният ҳодисаҳои нав нестанд. Ҳанӯз аз замонҳои қадим қувваҳои гуногуни сиёсӣ ва ҷамъиятӣ, ки барои ҳокимият талош мекарданд, даст ба зӯрӣ, даҳшатафканӣ ва тарсонидани одамон мезаданд ва террорро ҳамчун воситаи мубориза бар зидди рақибони хеш ва расидан ба ҳадафҳои сиёсии худ истифода мебурданд. Дар Асрҳои Миёна, алалхусус дар кишварҳои аврупоӣ, терроризм ҳамчун шакли махсуси муборизаи сиёсӣ баҳри дифои манфиатҳои давлатӣ ва калисою ҳокимияти динӣ мақоми махсус пайдо намуда буд. Умуман, чуноне ки таҷрибаи мамлакатҳои гуногуни олам нишон медиҳанд, дар ҳамаи давру замонҳо нерӯҳои иртиҷоиву экстремистӣ барои нобуд намудани рақибон ва расидан ба мақсадҳои сиёсии худ аз террор ба таври васеъ истифода мебурдаанд.

Дар олами муосир шумораи аниқи гурӯҳҳо ё ташкилотҳои террористиро муайян намудан номумкин аст. Зеро аксарияти ҳаракатҳо ва ҷараёнҳои сиёсиву динии хусусияти эктремистӣ дошта, аз усули террор дар муборизаи сиёсии худ ба таври пардапӯшона ва махфӣ истифода мебаранд. Аммо ташкилотҳои калонтарини террористон хоҳу нохоҳ аз худ дарак медиҳанд ва мунтазам ба амалҳои террористӣ даст мезананд. Дар ин миён алахусус ташкилотҳои экстремистиву террористӣ Алқоида, ДИИШ ва Толибонро зикр кардан мумкин аст, ки саркардагони онҳо барои расидан ба ҳадафҳо ва ғаразҳои сиёсии худ, бо шиорҳои авомфиребона ҳазорон ҷавонони ноогоҳро ба доми худ афканда, аз онҳо «манқурт» месозанд ва то имрӯз тавассути онҳо ҳазорон нафар одамонро қатли ом кардаанд. Дар айни замон тамоми қувваҳои зиддитеррористии ҷаҳон асосан баҳри несту нобуд кардани ин гуна ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ сафарбар карда шудаанд.

Терроризм ва экстремизм, махсусан дар даҳсолаҳои охир оқибатҳои зиёди харобиовар ва талафоти зиёди ҷонӣ аз худ боқӣ гузошта, монеи ташаккули фазои орому осоишта дар ҷаҳони муосир гаштаанд. Аз ин рӯ тамоми кишварҳои мутамаддини ҷаҳон имрӯз ба муқобили ин падидаҳои хатарнок бархоста, зидди он муташаккилона мубориза бурда истодаанд.

Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо низ ҳамчун узви қомилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбат ба ин падидаҳои манфуру хатарноки ҷаҳонӣ бетараф нест.

Асосгузори сулҳу ваҳдат – Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои худ пайваста дар радифи дигар масъалаҳои муҳим ба масъалаи ҳимояи манфиатҳои миллӣ, ҳифзи озодиву истиқлолияти кишвар ва махсусан, пешгирии терроризм ва экстремизм таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуда, ҳамеша таъкид мекунанд, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм, ки аксаран таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ сурат мегирад, баръакс, аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандозӣ шуда, аз ваҳшонияти асримиёнагии террористӣ, пеш аз ҳама кишварҳои исломӣ ва мусалмонони сайёра зарар мебинанд.

Чӣ тавре ки маълум аст, дар баробари ба даст овардани истиқлолияти сиёсӣ дар зери таъсири гурӯҳҳои алоҳидаи дохилӣ ва хориҷӣ раванди эҳёи дин хусусияти ифротгароӣ касб намуд. Ҷиҳати пешгирӣ намудани ин падидаи номатлуб ва оқибатҳои иҷтимоии он, баҳри ҳифзи арзишҳои милливу мазҳабии мардуми шарифи тоҷик зарурати аз нигоҳи қонунгузорӣ танзим намудани масоили динӣ пеш омад.

Пушида нест, ки имрӯз дини мубини ислом аз ҷониби баъзе гурӯҳҳои эктремистиву террористӣ дар шаклҳои гуногун ҳамчун омили дастрасӣ ба ғаразҳои нопоки сиёсиашон истифода шуда истодааст. Дар ин замина мо бояд таҳдид ва хатарҳои тундгароӣ, ифротгароӣ ва терроризмро, ки хусусияти динӣ касб кардаанд ва ба ҳаёти мусулмонон ва умуман ислом таҳдид доранд, муайян намуда, интишори онҳоро дар ҷомеа пешгирӣ намоем.

Фируза Шамсова – узви Гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷайҳун

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg