БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХАТАРҲОИ ТЕРРОРИЗМ БА ИСТИҚЛОЛИЯТ

АНДЕША. Яке аз масъалаҳои муҳим, ки имрӯз ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст, ин масъалаи терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) мебошад. Имрӯзҳо дар гӯшаҳои гуногуни сайёра миллионҳо нафар одамон гирифтори хавфу хатарҳои экстремистиву террористӣ гардида, ин вабо торафт оромии ҷаҳонро ба ташвиш овардааст. Вобаста ба ин моро лозим меояд, ки ҳушёрӣ ва зиракии сиёсиро аз даст надода, муборизаро алайҳи ин хатарҳои номатлуб дучанд зиёд намуда, нагузорем, ки ба Истиқлолият ва Ваҳдати миллии мо осеб бирасад.

Дар тӯли солҳои охир зиёда аз 100 мамлакати дунё ҳадафи амалҳои созмонҳои террористии “Ал-қоида”, “Ҳизб-ут таҳирир”, “Ҳаракати Толибон”, қарор гирифтанд, ки бар асари ҳамлаҳои террористии онҳо садҳо ҳазор нафар одамон ба ҳалокат расида, миллионҳо нафари дигар манзилҳои худро тарк намудаанд.

Дар айни замон бошад. Ташкилоти террористии бо ном “давлати исломӣ” бо истифода аз номи дини ислом сафи худро аз ҳисоби ҷавонони аз илму дониш дур буда пур намуда, ба амалҳои номатлуб даст зада истодаанд, ки дар байни онҳо, мутаасифона ҷавонони гумроҳгаштаи тоҷик низ мавҷуд мебошанд.

Таърих гувоҳ аст, ки аз қадим сар карда, аҷнабиён бо истифода аз номи дини мубини ислом ба боварии мардум даромада, ба корҳои ғайриисломӣ даст мезаданд. Инро мо дар мисоли хиёнаткориҳои роҳбарону аъзоёни фаъоли Ҳизби террористии наҳзати исломӣ, ки боиси сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид, баръало мушоҳида намудем. Баъди пошхӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва истиқлолияти комил ба даст овардани Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарон ва аъзоёни Ҳизби наҳзат бо истифода аз номи дини мубини ислом ба боварии ҷавонони гумроҳ даромада, ба амалҳои харобкорӣ даст зада мехостанд, ки ба ин васила Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба давлати исломӣ табдил диҳанд. Хушбахтона, хиради азалӣ ва азму талошҳои мардуми тоҷик нагузошт, ки амалҳои нопоки онҳо ҷомаи амал пӯшад.

Имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон ба хубӣ дарк намуданд, ки беҳтарин неъмату дороие, ки насиби онҳо гаштааст, ин истиқлолият ва ваҳдати миллӣ мебошад ва ҳеҷ гоҳ намегузоранд, ки ба он осебе расад ва бар зидди ҳама гуна хатарҳои экстремистиву террористӣ муборизаи беамони худро мебаранд.

Воқеан, истиқлолияти комил барои ҳар як давлат беҳтарин дороӣ ба ҳисоб меравад ва мардуми ҳар як давлат бояд ба қадри ин неъмати бебаҳо бирасанд. Мо шоҳиди ҳол будем, ки давлатҳои бузурге, ки дороии зиёд доштанд, вале истиқлолияти комил, ки надоштанд, дар як муддати кутоҳ иқтисодиёти онҳо дар натиҷаи нооромиҳо аз даст рафт.

Ҷумҳурии Тоҷикистон  айни замон 15 санади ҳуқуқии байналмилалиро эътироф намудааст, ки “Деклоратсия дар бораи чораҳои барҳамдиҳии терроризми байналмилалӣ” аз 9 декабри соли 1994, Шартномаи ҳамкории кишварҳои аъзои ИДМ дар мубориза бо терроризм аз 4 июни соли 1999, Конвенсияи ҳамкории Шанхай бар зидди терроризм аз 16 июни соли 2009 мебошанд. Қонуну санадҳои қабулгардида ба мо имконият медиҳанд, ки мо боз ҳам алайҳи ин амалҳои номатлуби экстремистиву террористӣ мубориза барем.

Лоиқов Парвиз, узви ҲХДТ, номзади илмҳои педагогӣ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg