АНДЕША. Хабари дар матбуот интишорёфта ва гузориш дар шабакаҳои телевизионӣ пахшгардида оид ба баргардонидани 84 нафар кӯдаконе, ки ҳамроҳи падару модаронашон ба давлати Ироқ рафта ва ё қисмашон дар он ҷо ба дунё омаданд шодии тамоми мардуми кишвар, аз ҷумла сокинони ноҳияи Дӯстиро афзуд. Аз ин хабари хуш тамоми мардум ашкӣ шодӣ ва ё об дар чашмонашон ҳалқа мезад, сад таҳсину офарин ба Асосгузори сулҳу Ваҳдатӣ миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки тамоми неруи ҷисмонию зеҳнии хешро дар роҳи хушбахтию саодатмандии мардуми Тоҷикистони азизи сарф менамояд. Мо то имрӯз ба мисли Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарвареро надидаем, ки ғами фарзандони роҳгумзадаи миллату давлаташ, дар ҳаққи онҳое, ки тарки ин кишвари биҳиштосо намудаанд ва бо душманон якҷо шуда, боз ба муқобили ҳамин сарзамину ҳамин миллат душман шуданд, чунин дасти раҳму шафқат дароз карда бошад. Мо шоҳиди он ҳастем, ки солҳои навадуми асри гузашта Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мухолифонашро аз сӯйи кишварҳои хориҷӣ даъват карда, гуноҳҳояшонро авф намуда , тибқи Созишномаи умумии истиқрори Сулҳ ва ризоияти миллӣ бо курсии мансаб таъмин карда, ба ҳизбӣ наҳзати исломӣ, ки имрӯз ҳамчун ҳизбӣ террористӣ эълон шудааст, баъди сулҳу салоҳ иҷозати фаъолият дода буд. Вале кӯрнамакон ба қадри чунин илтифоту ғамхорӣ ва гузаштҳои Роҳбари давлат нарасида, соли 2015 ба давлату миллат хиёнат карда, хуни чандин одамони бегуноҳро резонданд. Инак, Ватани азизи мо 84 нафар кӯдакони дар нуқтаҳои даргир мондаро модарвор ба оғӯши гарми худ гирифт, нагузошт, ки онҳо оянда чун падару модарони худ камондор ва қотили одамони бегуноҳ гарданд.
Ин кӯдакон, ки медонист, ки оянда тақдирашон бо чӣ фоҷиа анҷом меёфт, аз ин пас дар Ватани озоду соҳибистиқлол ва биҳиштосои худ соҳиби илму дониш, соҳиби тарбияи худ гардида, шахсони шинохта ба воя мерасанд ва ба нафъи давлати ҷоноҷон хизмат менамоянд.
Қурбонов Абдулҳафиз, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ