
АНДЕША.«Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар самти ноил шудан ба ҳадафҳои дар Стратегияи миллии рушд пешбинигардида равона карда, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардумро тавассути ҳалли масъалаҳои пешрафти устувори иқтисодӣ, тақвияти нерӯи инсонӣ, такмили низоми идораи давлатӣ, тавсеаи имкониятҳои содиротии мамлакат, беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ, инкишофи бахши хусусӣ ва беҳбуди вазъи бозори меҳнат ҳадафи олии худ эълон намудааст.» Аз суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 26 декабри соли 2018.
Оре ҳанӯз, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар Паёми солонаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26.12.2018), ин нуқтаи дар болоовардашударо қайд, намуда, таъкид карда буданд,ки барои расидан ба ин ҳадафҳо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, андоз, гумрук бояд, пеш аз ҳама, худашон талаботи қонунҳоро дар кору фаъолияти хеш қатъиян риоя намоянд ва дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ намунаи ибрат бошанд.
Мо ҳамагон, рӯзи 10 майи соли равон, тавассути ВАО, шабакаҳои интернетӣ, ҷараёни мулоқоти Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкдорӣ тамошою шунида ва хондаву хулосабарорӣ намудем.
Дар ҷараёни мулоқот аз ҷониби Сардори давлат бо санаду далелҳо аз қонуншиканиҳо истода гузашта, асосан дар сохторҳои бонкӣ қайд карда шуд, ки санҷиши кори як бонки давлатии «Амонатбонк» дар даҳ соли гузашта (2009-2018) даҳҳо ҳолати азони худ кардани нафақапулиҳои афроди фавтидаро ошкор кард, ки бархе кормандони бонк ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар 211 ҳолат нафақаи шахсони фавтидаро ба маблағи 360 ҳазор сомонӣ тасарруф кардаанд.
Дар маҷмӯъ давоми даҳ соли гузашта дар «Амонатбонк» 235 тафтишу санҷишҳои молиявӣ гузаронида шуда, ба маблағи 151 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ва қариб 2 миллион сомонӣ истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои буҷетӣ ошкор шуд, ки ин ҳолат на дар шариати исломӣва на дар қонунниятҳои дунявӣ рост намеояд.
Биёед нисбати ин мулоқот ҳар шунаванда қазовату хулоса барорем, ки бо ин қадар бовариҳои Сардори давлат як қатор мансадорони тасоддуфию нолоиқ соҳиби мансабҳою вазифаҳои калидӣ гардида, даст ба фасоду ришва, ҳаромхӯрию нақзи ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд задаву соҳибичӣ қадар пулу мол, сарвату боигарӣ гардида пайи нафси ҳароми хеш имиҷи давлату давлатдориро дар арсаи ҷаҳонӣ бадном кардаанд, аз Конститутсияву қонунҳои амалкунандаи кишвар ва оқибат аз Худову Расулаш наметарсида бошанд.
Биҳишт аз дасти одам рафт, аз он рӯзе,кигандумхӯрд,
Чӣ бошад ҳоли он кас,ки басе аз ҳаққи мардум хӯрд.
Аксарият мардуми Тоҷикистон, аз таҳлилу баррасии вазъи соҳаҳои молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкдорӣ, ки аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардид, пуштибону ҷонибдоранд.
Чунки чунин камбудию норасогиҳо қариб, ки дар ҳама шаҳру ноҳияҳои кишвар дида мешаваду ин гунна ҷиддӣ гирифтани масъалаҳои марбут ба иқтисодиёти кишвар, танҳо ба хотири мусоидат кардан ба рушди босуботи кишвар, ислоҳи ҳамагуна камбудиҳои соҳаҳо ва дарёфти роҳҳои нави пешрафти бахшҳои миллӣ, оид ба таъмини нақшаи даромади буҷет, ба роҳ мондани низоми нави фаъолият, ҷорӣ кардани технологияи муосир, интихобу ҷобаҷогузории кадрҳои баландихтисоси соҳаҳост, ки ин танҳо манфиатҳои умумимилливу умумидавлатӣ буда метавонад.
Ва барҳақ ҳам, Президенти Ҷумҳурии Точикистон таъкид доштанд, ки «Мақсади мулоқоти имрӯзаи мо бо кормандони соҳаҳои молия, бонкдорӣ, андоз, гумрук ва сармоягузорӣ баррасии фаъолияти сохторҳои марбута ва бартараф намудани камбудиҳои ҷой дошта, инчунин дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилот ва вазифаҳое мебошад,ки иҷрои онҳо барои рушди минбаъдаи иқтисоди миллии мо зарур шуморида мешавад».
Баъди мулоқоти мазкур бо далелҳои мушаххас овардашудаи Сардори давлат, бори дигар исботи он аст, ки мо ҳамагон робитаи қавӣ доштанро бо мардум фаромӯш насозем ва ифодакунандаи армонҳои бисёрсолаи халқ будан ҷавҳари асосии фаъолиятамон бояд қарор дошта бошаду бо ин вазифагузориҳои Пешвои миллат, мо дар ғанӣ гардонидани буҷаи давлат саҳмгузор бошему зиндагии шоистаи мардумамонро таъмин намоем.
Дастуру супоришҳои Пешвои миллат ҳақбинонаву одилона буда, новобаста аз даъвоҳои беасосу бепоя ва буҳтону ҳангомаҳо, танқидҳои таҳқиромезонаи душманони миллату давлат, ки дар шабакаҳои интернетӣ садо медиҳанд, мо ҳамагон бештар дарк намоем, ки дар марҳалаи кунунии ватансозӣ, ғанӣ гардонидани буҷаи давлатӣ ва таъмини пойдории Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аз пештара дида нангу номӯси миллӣ ва саҳми ҳар яки мо тоҷику тоҷикистонӣ заруртар аст.
Воқеан ҳам, агар ҳар яки мо тоҷику тоҷикистонӣ аз як гиребон сар бароварда, дар пайравӣ аз сиёсати Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар амал ҷонибдориву дастгирӣ намуда, дар доираи талаботу муқаррароти Конститутсия ва қонунҳои амалкунандаи кишвар, муқовимати ҳақиқиро пешаи худ қарор дода, албатта, ки бетарсу ҳарос зидди ришвахӯрону манфиатхоҳон мубориза барему аз душвориҳо наҳаросида барои рушди ҳамаи соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ боҷуръатона ҷидду ҷаҳд намоем, ояндаи миллату давлати хешро аз ҳаргуна хатарҳои геополитикӣ ҳифз хоҳем кард.
Муҳаммадовуд Ҳалимов, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ