БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЭҲТИРОМИ ҚОНУНИ ТАНЗИМ – ҚАРЗИ ШАҲРВАНДИСТ

КӮЛОБ. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Дар ташкилоти ибтидоии “Ояндасоз” вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ маҷлис баргузор гардид.

Зимнан, дар маҷлис намояндаи Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб  Мунаввараи Бозоралӣ ва роҳбари ташкилоти ибтидоии номбурда  Демпанаева Гулсара иштирок ва баромад намуданд.

Мунаввараи Бозоралӣ дар баёни андешаи худ гуфт, ки мо мардуми хушбахтем, ки дар оғози солҳои соҳибистиқлолӣ аз имтиҳони сангини таърих сарбаландона гузашта, таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ваҳдати комили миллӣ расидем.  Дар ҳамин замина яке аз иқдоми муҳимми Роҳбари олии кишвар, ки ба рушди давлат ва мустаҳкам намудани заминаҳои сиёсиву иҷтимоии он мусоидат намуд, ин қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” мебошад.

Баъдан  Демпанаева Гулсара қайд дошт, ки бо амалишавии қонуни танзим он ҳамчун қонун аз лиҳози мазмун миллӣ ва аз нигоҳи демокративу дунявӣ урфу одат, расму оин ва ҷашну маъракаҳо, ки рукнҳои муҳимми шаҳрвандӣ ва давлати ҳуқуқбунёд мебошанд, ба танзим даровард. Аз ин рӯ риоя ва эҳтироми қонуни танзим ва тарғиби он миёни ҷомеа қарзи ҳар як шаҳрванд, хусусан мо ҳизбиён мансуб меёбад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg