БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БЕҲТАРИН ХАЙР ДАСТИ НИЁЗМАНДОНРО ГИРИФТАН МЕБОШАД!

ПАНҶ.Дар доираи «Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ».  Бо ташаббуси масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар нохияи Панҷ дар маҳаллаи Чорсўи ҷамоати деҳоти Меҳвар вохўрӣ доир гардид.

Дар вохӯрӣ Файзизода Каримҷон ҳамагонро бо фарорасии моҳи шарифи Рамазон табрику таҳният намуда, оид ба  анъанаҳои неки  миллати тоҷик - кўмак дар сохтмони хонаҳои ҳамдигар, ҳалли мушкилоти ҳамсоядорӣ, пойдор нигоҳ доштани оилаҳои ҷавон, эҳтироми калонсолон, эҳтиром ба асолати миллӣ андешарони кард. Ҳамчунин дар идома оид ба расонидани кўмак ба қишри ниёзмандони ҷомеа суханронӣ намуда, иброз дошт, ки шахсони алоҳидае, ки  нияти ҳаҷ доранд метавонанд, дар корҳои дигари хайриявӣ – сохтани мактабу бунгоҳҳои тиббӣ, таъмири роҳу пулҳо ва кашидани хати оби нўшокӣ саҳмгузор бошанд. Роҳандозии чунин корҳои саховатмандона мувофиқи мақсад буда, барои беҳтар гардидани шароити зиндагонии шаҳрвандони кишвар нигаронида мешаванд.

 

 

 

                                                                  КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg