БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЗИНДАГИИ ОСОИШТАВУ ОБОДӢ ВА ОЗОДАГИВУ ПУРБАРАКАТӢ МО БА ОБ ВОБАСТАГӢ ДОРАД

НОРАК.Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Лангар-2”-и  маҳаллаи Лангар-2-и минтақаи манзилии №2 -и шаҳри Норак вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ  масъулини ҳизбӣ доир ба дастуру супоришҳои  мақомоти болоии ҲХДТ истифода бурдани  заминҳои киштшаванда  андешаронӣ намуда, қайд карданд, ки соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ яке аз соҳаи афзалиятноки иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки таввасути он амнияти озуқаворӣ ва шуғли аҳолӣ таъмин карда мешавад. Ҳастии гулу гиёҳ, ҳайвоноту наботот, растаниву инсоният, хосса зиндагии осоиштаву ободӣ ва озодагиву пурбаракати ҳама ба об вобастагӣ дорад.

Дар қисмати амалии Аксия ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” дар кӯчаи ба номи  Ҷамолиддин Каримзода барои таъмин намудани об ба заминҳои киштшаванда ҳашари дастаҷамъона роҳандозӣ карда шуда, ҷӯйборҳои обгузарро  тоза намуданд.  

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg