БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МУЛОҚОТИ СУДМАНД БО МАРДУМИ МАҲАЛ

КУШОНИЁН. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Дар ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлоли ноҳияи Кушониён доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ мулоқот доир карда шуд.

Намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ зимни  баромад дар бораи моҳияту аҳамияти Истиқлолияти давлатӣ, нақшу мақоми ҳизб дар тақвияти дастовардҳои Тоҷикистон, хатарҳои гароиш ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, пешгирии хушунат дар оила, масъулияти волидон дар таълиму тарбияи фарзанд ва дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия кардани ҷавонону наврасон суханронӣ  намуданд.

Баъдан аз ҷониби сокинон суханрониҳои судманд бо хуншудӣ пазируфта шуда,  чанде аз онҳо ваъда доданд, ки  дар ободоиву сарсабзии Ватан ва  зиндагии шоиста саҳм хоҳанд гузошт.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg