
ДӮСТӢ. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Дар маркази ноҳияи Дӯстӣ бо сокинон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.
Зимнан масъулини ҳизбӣ доир ба дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ фикру лоҳизаронӣ намуда, ҳамагонро барои дар сатҳи баланди сиёсиву фарҳангӣ истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба корҳои ободонӣ раҳнамоӣ намуданд.
Баъдан дар қисмати амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» дар даромадгоҳи ноҳия гулу гулбуттаҳои ороишии мавсимию доимӣ шинонида шуд.