
КӮЛОБ. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб бобати дастгирии эҳтиёҷмандону беморон дар ҳамбастагӣ бо фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ амалҳои хайриявиро ба анҷом расонида истодааст.
Нахуст, дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” бо ибтикори ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ваҳдат” ба як нафар маъюб сокини маҳаллаи М. Ҳакимови шаҳри Кӯлоб кӯмаки молиявӣ расонида шуд.
Мавриди зикр аст, ки чунин амалҳои хайриявӣ аз тарафи фаъолон, вакилони ҳизбӣ, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ ба таври мунтазам роҳандозӣ карда мешавад.