БОХТАР. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар моҳи шарифи Рамазон паст нигоҳ доштани нархи молу моҳсулот дар бозору фурӯгоҳҳо дар бозори «Фаровон Қӯрғонтеппа»,- и шаҳри Бохтар бо иштироки шахсони масъул санҷиш гузаронида шуд.
Дар рафти санҷиш мағоза ва нуқтаҳои фурӯши молу маҳсулоти гуногун аз ҷумла, нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти гуштӣ, меваю сабзавот, анвои нонӣ, тухми мурғ ва ғайраро санҷида, барои беҳтар ба роҳ мондани фурӯши молу маҳсулот ва паст нигоҳ доштани нархи онҳо маслиҳатҳои муфид дода шуд.
Аз ҷумла таъкид гардид, ки давлату Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон тамоми чораҳои заруриро андешида, барои соҳибкорон барои фурӯши молу маҳсулоташон шароитҳои заруриро муҳайё намудааст. Дар охир аз соҳибкорон ва фурӯшандагон даъват ба амал оварда шуд, ки дар моҳи шарифи Рамазон дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати паст нигоҳ доштани нархи молу маҳсулот ҷиддӣ бошанд.