Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Бо ташаббуси кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Истиқлол»-и ҷамоати деҳоти Маданият бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб оид ба самтҳои афзалиятиноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ доир гардид.
Дар вохӯрӣ мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Асоев Хизирдин иштирок карда оид ба самтҳои афзалиятноки фаолияти ҲХДТ андешаронӣ намуд. Зимни баромади хеш қайд кард, ки имрӯз замони он расидааст, ки ҳаммаи мо барои пешравти Ватани азизамон-Тоҷикистон бештар кушишу заҳмат бикашем ва онро биҳишти рӯи замин гардонем.