
Ш.ШОҲИН.Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Хоҷагии ҷангали Даштиҷум» оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ доир гардид.
Зимнан Назарзода Толибҷон раиси Кумитаи иҷроияи ҳизби ноҳия ҳангоми баромад доир ба дастуру супоришҳои Роҳбарияти Олии ҲХДТ ибрози андеша карда, ҳамагонро ба корҳои созандагию бунёдкорӣ даъват намуд.
Сипас, ҷиҳати татбиқи Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» корҳои ободонию обчакорӣ ба роҳ монда шуд.