БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАР ЗИДДИ ҲАМА ГУНА ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ МУБОРИЗА БОЯД БУРД!

КӮЛОБ. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Асоси фаъолияти ҲХДТ-ро таблиғот ташкил медиҳад. Бо ҳамин ният Кумитаи иҷроияи ҲХДТ шаҳри Кӯлоб дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ пайваста раванди корҳои таблиғотро тавассути суҳбату мулоқотҳо гузаронида истодааст.

Ин навбат дар ташкилоти ибтидоии “Саъдии Шерозӣ” ҷиҳати самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ маҷлис баргузор шуд.

Муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирӯзи Саидмӯъмин ва роҳбари ташкилоти ибтидоии мазкур  Розиқова Рухшона иштирок ва суханронӣ намуданд.

Фирӯзи Саидмӯъмин дар рафти суханронии худ изҳор кард, ки ҲХДТ барои ривоҷи мафкураи миллии ба ҷаҳонбинии илмӣ асос ёфта иқтидори худро равона менамояд ва ҳамзамон бо ин, ҳизб ҷиҳати пешгирии фаъолияти гурӯҳҳо ва ҷараёну ҳаракатҳое, ки ба амнияти давлат, миллат, ҷомеа ва сохти конститусионии Тоқикистон хатар эҷод мекунад, пайваста талош меварзад.

Дар навбати худ Розиқова Рухшона баромад намуда, қайд медорад, ки ба хотири таъмини амнияти давлату мардуми кишвар ва таҳкими сулҳу суботи ҷомеа бар зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлуб, ифротгароӣ, терроризм, радикализм, қачоқи маводи мухаддир, вуруди идеологияҳои харобкорона ва ҷараёну равияҳои тафриқаангез бо истифода аз имконоти мавҷудаи худ мо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар доираи қонун мубориза хоҳем бурд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg