БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НИСБАТИ ПАДИДАҲОИ НОМАТЛУБИ ҶОМЕА БЕТАРАФ НАБОШЕМ

БОХТАР. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Дар маҳаллаи Навободи шаҳри Бохтар оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ  доир гардид.

Дар вохӯрии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии  ҲХДТ Наҷидуллоев Тавакал ва дигар шахсони даъватӣ  иштирок дошта,  вобаста ба дастуру супоришҳои Роҳбарияти Олии ҲХДТ, аз ҷумла  пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, пошхӯрии  оилаҳои ҷавон, тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҳадафҳои созандаи ҲХДТ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ, пос доштани фарҳанги миллӣ ибрози назар карданд.

Мавсуф дар идомаи суҳбат қад кард, ки вазифаи ҳар як фарди солимақли ҷомеа ин бе тараф набудан дар пешгирии омилҳои номатлуби ҷомеа мебошад. Зеро зарари он падидаҳои номатлуб ба ҳамаи қишри ҷомеа мерасад. Аз ин рӯ, аз ҳамаи Шумо эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки нисбати амалҳои номатлуби ҷомеа, махсусан тақлид ба фарҳанги бегона, либосҳои ғайритоҷикӣ,  дар иду ҷашну маросимҳои азодорӣ ва мотам оростани дастархони бодабдаба ва намоишкорӣ роҳ набояд дод.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg