БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МУҚОВИМАТ БО ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ҚАРЗИ ҲАР ЯК ИНСОН МЕБОШАД!

ВОКУНИШ. Мутаассифона,  имрўзҳо ифротгароиву терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухадир ва дигар падидаҳои номатлуб дар ҷомеаи ҷаҳонӣ реша давонда, зиндагии осудаи мардуми сайёраро зери хатар гузоштааст.  Ба ҳамагон маълум аст, ки  аз рўзҳои аввали  фаъолияти ТТЭ ҲНИ терроризми сиёсӣ, миллатгароӣ, экстремизми динӣ ва амалҳои ҷиноии пасипардагии ин ташкилот пайваста зоҳир мегардиданд.

Таассуфовар ҳаст, ки бештар ба ҳаракатҳои террористӣ-экстремистӣ ҷавонон шомил мешуданд. Онҳо худро мусалмони ҳақиқӣ шуморида, барои фаъолияти терористии худ аз оятҳои Қуръони маҷид ривоят меёбанд, вале ривояте ҳаст, ки «хоинон»-ро ҳатто Худованд намебахшад, зеро онҳо на танҳо ҳаёти инсонҳо, балки кишварҳоро ба харобазор ва фазои оромро ба ҷангу низоъҳо табдил медиҳанд. Баъд аз мағзшўи гардидан ҷавонон- пайравони наҳзатиён ончунон ба ин равияи террористӣ дода мешаванд, ки ҳатто на ба  модар, на ба оилаву хешовандон  раҳму шавқатро раво намебинанд. Ин ҷо қайд карданием, ки тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ шоҳиди он гардидем, ки нафаре аз террористон модари худро ба қатл расонид, ки  тамоми модарони ҷаҳонро ба ҳаяҷон овард. Боварӣ дорам, ки ҳамон шайтонсифати модаркуш барои амалӣ худ  ривояте бошад.

Модари тоҷик дар ҳеҷ давру замон фарзанди хоину нобакорро ба дунё намеорад ва нахоҳад овард, зеро ҳар як модар аз фарзанди худ умедҳои зиёд дорад ва аз Худои таъоло ҳамеша талабгор аст, ки дар айёми пирӣ асои дасташ шавад. Имрўз дар баробари модарон ҳар фарди миллатро зарур аст, ки чунин амали ноҷавонмардонаро маҳкум намояд ва дастаҷамъона арзиши олии сиёсӣ, яъне Истиқлолияти давлатиро ҳифз намояд ва пояҳои онро таҳким бахшад.

Табиати ҷанг ҳамеша вайронӣ ва қатлу куштор аст. Ҳамаи мушкилотро мо танҳо дар сулҳу осоиштагӣ бароварда карда метавонем, аз ин рў ҳар фарди миллатро зарур аст масъулиятшиносона ва содиқона вазифаи хешро анҷом диҳад. Мо тоҷикон сулҳро дўст медорем, пас биёед сулҳу суботи кишварро чун гаҳвараки чашм ҳимоя намоем ва бар зидди душманони миллат муттаҳид бошем.

 

Ҳасанова Нигора, мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg