БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОРРУПСИЯ- МОНЕАИ РУШДИ УСТУВОРИ ДАВЛАТ!

АНДЕША.Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуданд, ки хатарҳои ба рушди устувори давлат монеъ шаванда ва ба нуфузу обрӯи он дар арсаи ҷаҳонӣ таъсири манфӣ расонанда, коррупсия ва ҷиноятҳои ба коррупсия алоқаманд мебошанд. Бо вуҷуди тадбирҳои дар ин самт андешидаи Президенти мамлакат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз ҳам ҳолатҳои содиршавии амалҳои коррупсионӣ аз ҷониби ашхоси муайян кам нестанд.

         Як нуқтарои қайд кардания, ки ҳануз аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии давлат, роҳбарияти олии кишвар, таҳти сарварӣ ва роҳнамоии бевоситаи Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори дигар масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ зарурат ва муҳиммияти мушкилоти коррупсия, пешгири ва мубориза бар зидди онро масъалаи мубрам ва ҳалталаби рӯз дониста як қатор санадҳои меъёрии ҳуҳуқӣ ва чорабиниҳои муҳими зиддикоррупсионӣ мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ таҳрезӣ ва амалӣ шудаанд. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар самти пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия ин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бо коррупсия”, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013, № 1504 «Дар бораи Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмиллалии эътироф намудаи Тоҷикистон ба шумор мераванд.

Пешвои муаззами милатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар сол зимни ироаи Паёми худ доир ба мубориза бар зидди коррупсия ва ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионидоштаро яке аз самтҳои муҳими сиёсати ҳуқуқии давлат эътироф намуда, зимни ироаи Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 апрели соли 2013 чунин зикр намуданд, ки “Коррупсия
ба пешрафти иқтисодиёт халал мерасонад, бунёди ҷомеаи демократиро заиф месозад ва ба рушди демократия таъсири манфӣ мерасонад”.  Ё дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар аз 24 апрели соли 2010 ёдовар шуда буданд, ки “Мубориза бар зидди коррупсия ва ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ низ самти афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии давлат мебошад” Дар ҳақиқат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дурӯст қайд намудаанд, ки мо бояд бо ин падидаи номатлуб муносибати оштинопазирро дар худ касб намуда, муқовимати беамонро пеш гирем, дар он вақт метавонем ба мақсадҳои зиддикоррупсионӣ ноил гардем.

Ҷиҳати мубориза бар зидди ин кирдори номатлуб солҳои охир дар кишвари мо заминаҳои дахлдори ҳуқуқӣ ва ташкилӣ муҳайё карда шудаанд, вале ҷиҳати паст намудани шиддати омилҳои коррупсионӣ зарур аст, ки иштироки боз ҳам фаъолтари ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин самт таъмин гардида, нисбат ба амалҳои коррупсионӣ фазои воқеан оштинопазир фароҳам оварда шавад.

 

Холов Мирзомуддин, узви Гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷайҳун

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg