Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!

ХОКИ ВАТАН АЗ ТАХТИ СУЛАЙМОН БЕҲТАР

АНДЕША. Ватан гаҳвораест, ки мо дар оғуши гарми модаронааш бо ҳазор орзуву умед ба воя мерасем. Ватан сароғози ҳамаи ҳастӣ ва пушду паноҳи соҳибватан аст.

Месазад, ки дар ин ҷода мо соҳибватанон барои худ пеш аз ҳама аз дарсҳои худшиносии миллӣ ва ватанпарастии  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сабақи дастуру ҳикмат бигирем. Дар ёд дошта бошем, ки Пешвои миллат бо ҷаҳду талошҳои ватанпарастонаашон  Тоҷикистонро имрӯз ба сангари ягонаи донишу фарҳанги ҳама порсоён ва тоҷикони ҷаҳон, ҷилвагоҳи воқеии  фарҳанги ростини порсии тоҷикӣ табдил доданд.   Аз оғози эҳёи Тоҷикистони навин, Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон манбаи илҳоми ҷомеа ва қутбнома, асосгузор ва илҳомбахши ғояи Ваҳдати миллӣ, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, раиси Анҷумани тоҷикон ва ҳамзабонони бурунмарзии мо буда, аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ҳамчун Пешвои асри 21 ва яке аз 500 мусулмони беҳтарини дунё пазируфта шудаанд, ки боиси ифтихору сарфарозии мост.

Дар воқеъ таърих гувоҳ аст, ки  мо борҳо аз санҷиши сангини сарнавишт гузашта фарҳангу тамаддуни худ, арзиш ва асолати миллиро аз даст надодаем. Баракс ҳама ихтилофҳо, набардҳо, нокомиҳо моро ба пирӯзиҳо расондаанд ва охирин санҷиши  сарнавиштсоз  тавонист нақшаҳои  бадхоҳонро ботил созад ва моро ба Ваҳдат орад. Мо дар назди таърих аз имтиҳони  сангину вазнин гузаштаем ва номаи камоли давлату миллатро соҳиб шудаем.  Пас ки ва чи боз метавонад моро аз ин Ваҳдат,  аз ин роҳи бесобиқаи фарҳанги сулҳ боздорад. Агар кесе имрӯз ҳам беҳушу бехуд аст, ба ҳуш ояд, ба худ ояд, чашм во кунаду бубинад, ки мо куҷо равонаем?

Иштироки зиёда аз се ҳазор шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заду хурдҳои мусалаҳонаи давлатҳои Сурияву Ироқ ин аз як ҷиҳат тафаккури хому иродаи ноҷавонмардона бошад аз ҷониби дигар ба доми фтнаву фиреби ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ афтодани онҳост.

Имрӯз аз оғуши гарми падару модар дурр будани зиёда аз 84 ноболиғони тоҷик пеш аз ҳама гуноҳи падару модар бошад дуюм дахолати зуроварию хушунати оилавӣ ва фитнаҳои Ҳизби наҳзати ислом ва ДИИШ аст, ки имрӯз зан- модари тоҷик пас панҷара нишаста, ҷазои орзуҳои дурру дарози беботили хешро мекашад. Албатта ин барои миллати тоҷик, давлати навини Тоҷикистон боиси ор аст, ки зан- модари  тоҷикистонӣ барои орзуҳои дурру дарозу нокоми хеш ба ҷазоҳои абадӣ дур аз Ватан гирифтор шудаанд. Мутмаинам, ки  ҳар рӯзе, ки паси панҷараи зиндонҳои Бағдод мегузарад барои занони тоҷик як рӯзи он ҳазор рӯз  аст. Як сабаби он дурии ҳамсару фарзанд ва хешу табор бошад, дури беш аз беш дури онҳо аз Вата наст, зеро хоки Ватан аз тахти Сулаймон беҳтар аст…

Имрӯз махсусан насли навраси  Тоҷикистон муосир, хусусан он ноболиғоне, ки имрӯз бо талошҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ватан баргардонида шудаву зери таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои Ватану миллат қарор доранд, аз зумраи хушбахтарин насли наврас ба шумор мераванд. Воқеан, баъди ҳазорсолаҳои таърихи пурфоҷеаи миллат, дар қатори мурдуми соҳибиқболи мамлакат, насли навраси тоҷик дар шароити сулҳу оромӣ ва рушди нумӯи Тоҷикистон умр ба сар мебаранду, дар мактабҳои олии Ҷумҳурӣ ва дориҷа таҳсили илм намуда, соҳиби касбу ҳунар мегарданд ва албатта мо бо заҳмату талошҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ба ин рӯзи нек расидем.

Мусаллам аст, ки баъзан аз софии дили ҷавонон, ки аз  ҳирсу ҳасаду бадбинӣ холист, истифода карда, онҳоро бо роҳи бад ва ҳатто қабеҳтарин гуноҳ – хиёнат ба Ватан тела медиҳанд. Вале дар ҳама ҳолат насли ҷавон бояд фаромӯш накунад, ки бахти инсон ва маҳбубияти ӯ дар дунё танҳо бо Ватан – Модар амалӣ мешавад, чуноне, ки дар суруди миллии мо садо медиҳад:

Тоҷикистон!

Зи ту саодати абад насиби мост,

Ту ҳастиву ҳама ҷаҳон ҳабиби мост, ҳабиби мост.

Ба қадри ҷавонӣ расидан – ин аз сахтии рӯзгор наҳаросида  соҳиби илму дониш ва касбу ҳунар шудан аст, то ки худро ва дигаронро бишносӣ, то ки дар ҳаққи ту  бигӯянд: «ӯ ҷавонмарди хубу бомурувват аст» ва ё беҳтараш  «ӯ ҷавонмардест, ки мо бо фазилаташ ифтихор дорем».

Ободии Ватани азиз аз касбу ҳунари ҷавонон ва ҷони бедору  фитрати онҳо вобастааст, ягон бегонае аз диёри бегонагон Ватани моро обод нахоҳад  кард, бинобар ин:

Раҳматуллоев Мақсуд, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg